Абдуҷамол Ҳасанов
Абдуҷамол Ашрафович Ҳасанов (19.11.1958, деҳаи Қарақчиқуми н. Конибодом), доктори илми филологӣ (2004), профессор (2005).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдуҷамол Ҳасанов соли 1981 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро ба охир расонда, дар факултети филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров ҳамчун ассистент ба фаъолият пардохт ва то кунун дар ин боргоҳи илм заҳмат мекашад. Вазифаҳои сармуаллим ва дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ (1982-1992), муовини декани бахши ғоибона (1992-1997), ходими калони илмии «Маркази пажӯҳиши тамаддуни давраи Сомониён»-и донишгоҳ (1997-2000), мудири кафедраи таърихи забони тоҷикӣ (2001-2010) иҷро кардааст. Аз соли 2010 мудири кафедраи забони тоҷикӣ факултети филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Б. Ғафуровмебошад. Қариб ҳазор пажӯҳиши илмӣ, илмӣ-оммавӣ, методӣ, энсиклопедӣ роҷеъ ба вожашиносию овошиносии таърихӣ, услубшиносӣ, типологияи муқоисавии забонҳо, этимология, топонима ва ғайра ба хидмат оварда, дар таълифи вожаномаҳои тарҷумавӣ ҳисса гузоштааст. Дар сомонишиносии тоҷик, таҳриру муқарризии корҳои илмӣ, илмӣ-методӣ саҳм гирифта, аз мураттибону муҳаррирони «Донишномаи Сомониён» (2008, 2009, дар ду ҷилд) аст. Мақолаҳояш ба забонҳои хориҷӣ нашр шудаанд. Дар конфронсу ҳамоишҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалии забоншиносон иштирок ва сухан кардааст. Фаъолияти педагогиаш низ қобили қайд мебошад.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аз Ҳахоманиш то Ардашер. – Х., 1997 (ҳаммуаллиф);
- Мухтасаре аз таърихи таҳ-қиқи забони адабии классикӣ (Аз аҳди Сомон то ибтидои асри ХХ). – Х., 1999:
- Дурри дарёи дарӣ ва шеваи шимолӣ. – Х., 1999;
- Сомониён дар оинаи таърих. Ҷилдҳои 1,2. – Х., 1999 (ҳам-муаллиф);
- Зикри нуқси сухан дар вожаномаҳои куҳан. – Х., 2001;
- Луғати мухтасари мавзӯи таълимии тоҷикӣ-русӣ. – Д., 2002 (ҳаммуаллиф);
- Унсурҳои луғавӣ ва сарфию наҳвии осо-ри садаҳои Х-ХIII дар гӯиши шимолӣ (бахши Фарғонаи Ғарбӣ). – Х., 2003;
- Сохранение лексических особенностей и грамматических конструкций таджикского языка в северных говорах (на матер. письменных памятников Х-ХIII вв): Дисс… доктора фило. наук. – Д., 2004;
- Сайри сухан. – Х., 2006;
- Тарҷумаи «Тафсири Табарӣ», Ҷилдҳои 1,2. – Х., 2008. (ҳаммуаллиф);
- Лаҳҷашиносии таърихӣ. – Х., 2014.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҳазор пажӯҳиш. Феҳристи осори профессор Абдуҷамол Ҳасанов. – Х., 2014.[1]
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров(пайванди дастнорас)
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – с. 654