Jump to content

Факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Факултети филологияи тоҷик
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Соли асосгузорӣ 1933
Мавқеи
ҷойгиршавӣ
Хуҷанд, Тоҷикистон
Сайти расмӣ http://www.hgu.tj

Факултети филологияи тоҷик — яке аз факултаҳои ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров мебошад. Таъсиёби - соли 1933.

Таърихи таъсис ва соҳаи фаъолият

[вироиш | вироиши манбаъ]

Факултети филологияи тоҷик аз куҳантарин ва калонтарин факултаҳои ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров буда, соли хониши 1933-34 ба сифати шуъбаи адабию лингвистӣ таъсис ёфтааст. Вале аз сабаби набудани мутахассисон ва нокифоятии теъдоди донишҷӯён шуъбаи мазкур дер амал накарда, нақшаи қабули донишҷӯёни он ба собиқ ДДОД (ҳоло ДДОТ ба номи устод С.Айнӣ) дода шуд. Аммо бо тақозои таъмини эҳтиёҷи зиёди қисмати шимоли Тоҷикистон ба мутахассисон соли таҳсили 1937-38 факултети таъриху филология дубора таъсис ёфт, ки он аз ду шуъба - забону адабиёти тоҷик ва таърих иборат буд. Факултети филологияи тоҷик то соли 1987 дар ҳайати факултети таъриху филология фаъолият намуда, аз ҳамон сол ҳамчун факултети филология бо шуъбаҳои забону адабиёти тоҷик ва забону адабиёти ӯзбек мустақил шуд. Соли 1991 шуъбаи забон ва адабиёти тоҷик ба сифати факултети ҷудогона бо номи филологияи тоҷик арзи ҳастӣ намуд.

Аввалин мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик шодравон Файзулло Абдуллозода буд, ки соли 1932 баъди хатми Донишкадаи олии омӯзгории Тошканд ба зодгоҳи худ баргашта, дар бунёди ДДОЛ ба номи С.М.Киров (алҳол Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров") саҳми сазовор гузошт.

Муаллимони аввалини факултет Ф.Абдуллозода (нахустин мудири қисми таълими донишкада), С.Мансуров, А. Оқилов, М.М.Явич, Б. Олимҷонов, Н.А.Алексеева, А.Турсунов, А.М.Беленитский А.Мирпоччоев, М.Мансуров, М.Назиров, Ҷ.Хоҷаев, А.Ғаффоров ва дигарон дар ташаккул ва инкишофи иқтидори зеҳнию маърифатии таълимгоҳ саҳми арзанда гузоштаанд. Солҳои минбаъда ҳайати олимони факултет аз ҳисоби нахустин номзадҳои илм О.Орифӣ, Қ.Тоҳирова, М.Турсунов ва А.Сайфуллоев мукаммал гардид. Бо омадани ин донишмандон ва як зумра омӯзгори ҷавони болаёқат, аз қабили А.Сатторов, Ю.Салимов, А.Усмонов, Ӯ.Аҳмадова, А.Ваҳҳобов, Р.Тошматов ва Б.Махсумова нерӯи илмию таълимии факултет пурқувват шуда, сифати тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи филология беҳтар гардид. Маҳз ҳамин солҳо нахустин асарҳои илмию тадқиқотиисуханшиносони маъруф интишор ёфтаанд.

Солҳои 60-70-ум ба ҳайати омӯзгорони факултет як гуруҳ ҷавонони болаёқат ва ҷӯяндаи дигар, аз қабили Ф.Зикриёев, А.Давронов, А.Зоҳидов, С.Ҳоҷиев, А.Абдуқодиров, А.Набиев, М.Файзуллоева, А.Насриддинов, Н.Ҳикматуллоев, А.Ҷалолов ва дигарон шомил гардиданд. Дар тӯли ду даҳсолаи охири асри ХХ ва даҳсолаи аввали садаи ХХI факултет дар ҷодаи илму маърифат ба дастовардҳои матлуб нойил гардид. Дар ин солҳо нуҳ нафар дастпарвар ва устоди Донишгоҳ: А. Сайфуллоев (1980), С. Асадуллоев (1986), Ф. Зикриёев (1987), А. Насриддинов (1990), М. Хоҷаева (1995), Носирҷон Салимов (2002), А. Ҳасанов (2004), Н. Файзуллоев (2006) ва Р. Бобоҷонова (2006) Низомиддин Зоҳидов рисолаи докторӣ ва наздик чил нафар муаллим рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, эътибору нуфузи таълимгоҳи хешро баланд карданд ва наздик чил нафар муаллим, аз қабили М.Файзуллоева, Н.Ҳикматуллоев, М.Ҳабибуллоева, М.Ӯрунова, Ш.Тоҷибоев, С.Саидов, Т.Келдиёров, Н.Нуров, М.Олимҷонов, Ҳ.Зоиров, М.Сатторова, Р.Каримхӯҷаева ва дигарон рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, эътибору нуфузи таълимгоҳро баланд карданд.

Нимаи дуюми солҳои 90-уми асри гузашта марҳилаи нави рушди факултет ба шумор меояд. Маҳз дар ҳамин солҳо дар ҳайати факултет ду шуъбаи нав - рӯзноманигорӣ (1997) ва шарқшиносӣ (1999) таъсис ёфта, вобаста ба ин ихтисосҳо кафедраҳои нав ташкил гардиданд. Моҳи декабри соли 2001 шуъбаи шарқшиносӣ ба факултети мустақил табдил ёфт.

Солҳои охир ба тайёр намудани мутахассисон аз рӯи ихтисоси «Забон ва адабиёти тоҷик барои мактабҳои ӯзбекзабон» эҳтиёҷ ба миён омад, зеро баъд аз қабули Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бинобар зарурати омӯхтан ва таълими забони давлатӣ дар макотиби забони таҳсилашон ғайритоҷикӣ, аз ҷумла ӯзбекӣ ба тарбияи кадрҳои омӯзгории ба иҷрои ин вазифаи муҳим аз ҳар ҷиҳат омода ниёзмандӣ эҳсос гардид. Аз ин рӯ, аз соли таҳсили 2002-2003 сар карда, факултет толибилмонро тибқи ихтисоси мазкур низ қабул менамояд.

Дастовардҳои илмиву таълимии олимони факултет берун аз қаламрави вилоят низ эътироф ва қадршиносӣ шудааст. Соли 2001 устоди варзидаи донишгоҳ, профессор Ф.Зикриёев чун яке аз муаллифони асари сеҷилдаи бунёдӣ ва дастҷамъонаи «Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик» Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, соли 2006 доктори илмҳои филологӣ, профессор А. Насриддинов барои фаъолияти пурсамар дар риштаи таълим ва тайёр кардани мутахассисон ба дарёфти Ҷоизаи Президенти кишвар дар соҳаи маориф, дар соли 2009 Ҷоизаи адабии устод С.Айнӣ, соли 2011 Ҷоизаи байналхалқии Чеҳраи мондагори забон ва адаби форсии Анҷумани байналмилалии устодони забон ва адаби форсиро дарёфт кардаанд. Профессор А.Сайфуллоев соли 2014 барои асари “Уфуқҳои тозаи наср” (дар се муҷаллад) бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро қадрдонӣ гардид. Доктори илмҳои филологӣ, профессор М. Мирзоюнус соли 2017 бо унвони “Корманди шоистаи Тоҷикистон” ва дотсент С.Ҳоҷиев бо ордени “Шараф” (дараҷаи 2) сарфароз гардиданд. Олимони факултет, профессорон А.Насриддинов, М.Хоҷаева, А.Ҳасанов ва Н. Файзуллоев барандагони Ҷоизаи вилоятии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Камоли Хуҷандӣ мебошанд.

Дар пешрафти фаъолияти илмию таълимии факултет ва тайёр кардани ҳазорҳо мутахассиси соҳа, пеш аз ҳама, сарварони факултет саҳм гирифтаанд. Аз соли 1987 баъди ба факултети алоҳида табдил ёфтан ба ин боргоҳи илму маърифат олимону омӯзгорони шинохта А.Насриддинов (солҳои 1987-1988), С.Ҳоҷиев (солҳои 1988-1994), Ф. Зикриёев (солҳои 1994-1999), Н. Файзуллоев (солҳои 2000-2008), М.Хоҷаева (солҳои2008-2011), Ш.Тоҷибоев (солҳои 2011-2013) М.Олимҷонов (солҳои 2013-2017) сарварӣ кардаанд. Азсоли 2017-ум ин вазифаро дастпарвари ҳамин факултет - дотсент М.Тиллохоҷаева бар ӯҳда дорад.

Дастпарварони факулта

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз байни хатмкардагони факултет теъдоди зиёди олимон, шоирону нависандагон, кормандони соҳаи фарҳанг ва ходимони давлатӣ ба воя расидаанд, ки дар ривоҷу равнақи илму маориф, адабиёту санъат, ҳамчунин соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ҳиссаи сазовор доранд. Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона, адибони маъруф Аминҷон Шукӯҳӣ, Муҳиддин Фарҳат, Ҳоҷӣ Содиқ, Абдумалик Баҳорӣ, Б. Фаррух, Баҳром Фирӯз, А. Воситзода, Д. Раҷабӣ, Озод Аминзода, А. Раҳматзод, Доро Наҷот, М. Пӯлод, Қ. Алӣ, Н. Шариф, Норӣ, Шаҳноза, Адиба, Гулноз ва дигарон асосҳои маърифати адабиро маҳз дар факултет гирифтаанд. Як зумра олимони маъруф, ки дар марказҳои илмии ҷумҳурӣ ва берун аз он фаъолият доштанд ва доранд, амсоли Носир Салимов, Р. Ғаффоров, С. Воҳидов, Ю. Акбарзода, А. Набавӣ, Валӣ Самад, С. Сиддиқов, У. Султонов ва дигарон дастпарварони ин факултетанд.