Абдӣ, Мирзоабдуллоҳи Самарқандӣ
Зоҳир
Зодгоҳ: | Урметан, Айнӣ |
---|---|
Навъи фаъолият: | шоир |
Абдӣ Мирзоабдуллоҳи Самарқандӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Зодгоҳаш деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ. Пас аз касби камол ба Самарқанд рафт ва муқими он шаҳр шуд. Дар замони салтанати Умархон (ҳукмронӣ 1809 – 1922) ба хидмати дарбори ӯ омад ва дар мансаби надимӣ хидмат мекард. Донишманди фозил, ҳозирҷавобу базлагӯй будааст. Намунаҳои ашъораш ба тавассути тазкираҳову баёзҳо то замони мо расидаанд.
- Ин абёт аз ӯст
- Баски дилсардам зи аҳли рӯзгор,
- Гӯшаи узлат аз он шуд масканам.
- Қитъае чандин, китобе чанд хуш,
- Аз матоъи даҳр дорам муғтанам.
- Кисаам гар зар надорад, нест бок,
- Симу зар – ашъор, сина – хазнаам.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Суханварони Сайқали рӯи замин, Д., 1973.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.