Абзорак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Абзорак (форсӣ: ابزارک‎), гаҷет (англ. gadget – асбоб, таҷҳизот) — афзори электронии ҳаҷмаш хурд, ки амалҳои иловагии маҳдудро нисбат ба таҷҳизоти асосӣ (амалҳои махсус) иҷро намуда, тавассути интерфейс (пайвастгоҳ)-и стандартӣ ба таҷҳизоти асосии нисбатан мураккаб пайваст мешавад. Воситаҳои мавқеъгирии фазоӣ (GPS) дар смартфонҳо, компютерҳо (бо интерфейсҳои таъҷилии USB ва ММС ва таъмини барномавии мувофиқ) намунаи абзоракҳо мебошанд. Дар таъмини барномавӣ абзорак (виҷет) замимаи хурдест, ки маълумотҳои иловагӣ, мас., пешгӯии обу ҳаво, курси асъор ва ғ.-ро дар бар мегирад. Намунаи абзоракҳои барномавӣ (замимаҳои барномавии хурд) барномаҳои Google Gadgets (чанд намуд барои лавҳаи паҳлуии Google Desktop ва барои саҳифаҳои фардии Google), замимаҳои хурд барои лавҳаҳои паҳлуии cистемаҳои оперативии Windows Vista ва ба он монанди Windows 7/8, абзоракҳо барои браузерҳо (барномаҳои махсус барои сомонаҳои интернетӣ), инчунин абзоракҳои Sideshow дар таҷҳизоти ба онҳо мувофиқ мебошанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]