Jump to content

Абидос

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Абидос (юнонии қадим; номи қадимаи маҳалли Абеҷу, номи ҳозирааш Ал-Араба-ал-Мадфуна) — яке аз қадимтарин шаҳрҳои Мисри Қадим, маркази бузурги динӣ (аз миёнаи садаи IV то милодӣ). Дар соҳили ғарбии дарёи Нил воқеъ гардидааст. Абидос бо дахмаи «Гиреҳи нафас» машҳур буд, ки қибтиён ба умеди мисли худо Осирис эҳё шудан дар он обидаҳо мегузоштанд. Мутобиқи ривоёт гӯё худованд Осирис дар абидос ба қатл расонида шуда, ҳамон ҷо мадфун буд ва аз он ҷо эҳё гардид. То ҳол боқимондаҳои қасрҳои сулолаи дуюм, дахмаҳо ва меҳробаҳои маъбадҳои шоҳона (чун ибодатгоҳи Сети I) бо нақшунигори ҷолибашон маҳфуз мондаанд. Абидос зиёратгоҳ ҳам мебошад.

  • Коростовцев М. А., Религия древнего Египта, М., 1976.