Абиғай Исҳоқова
Исҳоқова Абағай Рафаэловна (16.03.1916, ш. Самарқанд — вафот номаълум) — артисткаи балет, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1939). Фаъолияташро дар Театри драмаи мусиқии яҳудиёни Самарқанд соли 1932 сар карда, солҳои 1935—1939 сарояндаи Театри мусиқии тоҷик, 1940—1960 артисткаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ буд. Дар бисёр балетҳо, чун «Лайлӣ ва Маҷнун», «Дилбар», «Писари Ватан», «Темурмалик», «Лауренсия», «Эсме-ралда», «Золушка», «Кӯли қувон», «Эҳтиёткории беҳуда», «Фав-вораи Боғча¬сарой», «Жизел», «Баядерка», «Дон Кихот» партияҳо иҷро кардааст. Рақс¬ҳои тоҷикӣ, аз ҷумла рақси классикии «Мор»-ро бо ҳара¬кати мавзуну нафосат адо менамуд, дар иҷрои рақсҳои тоторӣ, лулиёӣ, русӣ, испанӣ, ва дигар халқҳо низ маҳорат нишон додааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- Pages using the JsonConfig extension
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Мақолаҳои бесурат дар бораи синамогарон
- Википедия:Синамогарон бидуни IMDb
- Раққосаҳои балети театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ
- Ҳунарпешаи театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ
- Ҳунарпешагони хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон
- Мақолаҳои хурд дар бораи одамон