Jump to content

Гӯрхар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Аблақ)
Гӯрхар
Гурхар
Гурхари Бурчеллова (Equus (Hippotigris) quagga)
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Hippotigris
Таксонҳои хоҳар

Аблақ, гӯр, гӯрхар, зебра (лот. Hippotigris) — як навъ ҳайвони ширхӯри тоқсум, ки ба ҷинси асп (Equus) мансуб аст. Дарозии танаш 200 – 240 см, думаш 47 – 57 см ва қадаш 120 – 140 см; вазнаш 350 кг.

Ранги аслии аблақ сиёҳ буда, рахҳои сафед дорад. Ёлаш кӯтоҳ.

3 намуди аблақ мавҷуд аст: аблақи кӯҳӣ (E. zebra), аблақи биёбонӣ (Е. grevyi) ва аблақи даштӣ (Е. quagga; пурра нест шудааст). Аблақи кӯҳӣ нисбатан хурд буда, гӯшҳои дароз дорад. Рахҳои сиёҳи он дар сағрӣ нақши панҷараро мемонанд. Зоҳиран бештар ба хар монанд аст. Дар Африқои Ҷанубу Ғарбӣ ва Анголаи Ҷанубӣ дучор меояд. Тақрибан 700 сар боқӣ мондааст. Ба «Китоби сурх»-и Созмони байналмилалии муҳофизати табиат дохил карда шудааст. Аблақи биёбонӣ нисбат ба дигар намудҳои аблақ калонҷусса мебошад. Ранги сафеди шикамаш то ба паҳлуҳо мерасад. Дар қисми марказии Эфиопияи Шарқӣ, Сомалӣ, Кенияи Шимолӣ дучор меояд. Тақрибан 15 ҳазор сар боқӣ мондааст. Ба «Китоби сурх»-и Созмони байналмилалии муҳофизати табиат дохил карда шудааст. Аблақҳо ҷонварони алафхӯр буда, гала-гала (10 – 30 сар) зиндагӣ мекунанд. Давраи ҳамли онҳо 364 – 390 рӯз аст (1 – 2 курра мезояд). Курраи аблақ баъди 10 – 15 дақиқаи ба дунё омадан, ба по рост истода, қадамҳои аввалинро мегузорад. Аблақ дар шароити сунъӣ нағз зиндагӣ карда, насл медиҳад. Аблақ мисли асп тездав нест. Ром кардани он хеле душвор аст; аз ҷонварони даранда худро бо дандон ва зарби лагат ҳифз мекунад. Душмани ашаддии аблақ шер аст. Сокинони таҳҷоии Африка аблақҳоро барои гӯшт ва пӯст шикор мекунанд. Бинобар ин саршумори онҳо хеле кам шудааст.