Jump to content

Аблятсия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аблятсия (лотинӣ ablatio – рабудан, камшавӣ) — 1) дар техника қисман нест кардани массаи сатҳи ҷисми сахт бо ҷараёни газҳои гарме, ки ин сатҳро шорида мегузаранд. Аблятсия дар натиҷаи эрозия, гудозиш ва сублиматсия ба амал меояд. Дар вақти бо суръати баланд ҳаракат намудани шиҳобҳо ва аппаратҳои париши кайҳонӣ дар атмосфера мушоҳида мешавад. Аблятсияро барои ҳимояи (сардсозии) қабатҳои берунаи қисмҳои аппарати париши кайҳонӣ ва дохили муҳаррикҳои ракетаҳо, ки дар натиҷаи ҷараёни газҳои гарм сахт метафсанд, истифода мебаранд. Дар ин маврид бо ёрии энергияи гармӣ ҷисми сахт гудохта ё якбора ба газ табдил дода мешавад, ё сатҳи тафсидаро бо қабати моддаи махсус рӯйпӯш мекунанд. Маҳсули сублиматсия ба поён шорида, қабати газиеро ташкил медиҳад, ки он девораҳои аппарати париши кайҳониро аз алоқа бо атмосфера ё маҳсулоти сӯзиш муҳофизат менамояд; 2) дар глятсиология камшавии массаи пирях ё қабати барф дар натиҷаи обшавӣ, бухоршавӣ ё вайроншавии механикӣ. Аблятсия асосан ба шароити иқлим вобаста буда, се намуд мешавад: зерпиряхӣ, дохилӣ ва сатҳӣ.