Абразивҳо
Зоҳир
Абразивҳо (фаронсавӣ abrasif – суфтакунанда, сайқалдиҳанда, лотинӣ abradere – тарошидан, зудудан), маводи ниҳоят сахт, ки барои коркарди сатҳи масолеҳи гуногун истифода мешаванд. Абразивҳоро дар техника дар равандҳои суфтакунӣ, сайқалдиҳӣ, буриши масолеҳ ва ғайра истифода мебаранд. Абразивҳо аз рӯи сахтӣ, сохти химиявӣ ва андозаи заррачаҳои суфтакунанда табиӣ (алмос, ақиқи сурх, кварс, корунд, бӯр, пемза, шпати саҳроӣ ва ғайра) ва сунъӣ (дажғоли минералӣ, резамайдаи пӯлод, алмоси сунъӣ, карбиди бор, карбиди силитсий, нитриди силитсий, нитриди алюминий, оксиди хром ва ғайра) мешаванд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.