Jump to content

Абразия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Абразия, (лотинӣ abrazio – тарошидан) — аз бархӯрдани (латмазании) мавҷҳои об вайрон шудани соҳилҳои уқёнус, баҳр, кӯл ва обанборҳои калон. Омилҳои асосии бавуҷудоии абразия нишебии сатҳи соҳил, таркиби геологии он, дараҷаи қувваи мавҷ мебошанд. Абразия дар сатҳи аз об баланди соҳилҳо суфа ва зинаҳои ба ном абразиявӣ ва поёнтар суфаҳои аккумулятивӣ (тӯдаи шағал, рег ва ғайра) ба вуҷуд меоварад. Абразия бештар дар обанборҳои нав ё ҷойҳои баландшавии сатҳи об ба мушоҳида мерасад ва зери бинову иншооти наздисоҳилиро хароб карда, хисороти иқтисодӣ ва экологӣ мерасонад.