Jump to content

Абрамов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Абрамовпирях дар ҷануби қаторкӯҳи Олой, дар ҳудуди Тоҷикистон ва Қирғизистон (дар саргаҳи дарёи Кӯксу). Нуқтаи баландтарини пирях 4960 м буда, нуқтаи аз ҳама пасттаринаш 3366 м мебошад. Дарозиаш 9 км; масоҳаташ 22,76 км2. Пиряхро нахустин бор соли 1896 С. П. Коржинский тадқиқ кард. Солҳои 1933 – 34 онро гурӯҳи геологии Экспедитсияи тадқиқоти Помири Тоҷикистон бо сардории А. П. Марковский омӯхт. Аз соли 1967 дар назди пирях пойгоҳи доимӣ кор карда, ҳолати пиряхро меомӯзад. Ба шарафи олим ва генерали рус А. К. Абрамов номгузорӣ шудааст.