Абрбандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Абрбандӣ (порсӣ: ابربندی ) — як навъ санъати гулпартоӣ дар матоъҳо мебошад, ки бо танидани абрешим ва ресмон дар нахҳои тор сурат мегирад. Дастгоҳи абрбандӣ аз ду чӯбчаи дарозиаш 1-метрӣ ва ду ҷуфт мехи чӯбини дарозиаш 1-1,2 м, ки дар фосилаи 3-3,5 м аз ҳам ба фарш кӯфта шудаанд, иборат мебошад.

Дар гузашта абрбандиро устоҳои гулдаст, ки маҳорати баланди рассомӣ доштанд, иҷро мекарданд. Онҳо тасвирҳоро худашон мегузоштанд ва рангҳоро интихоб менамуданд. Устои абрбанд дар коғаз тарҳи як нақши матоъро кашида, хатҳои онро бо ёрии мӯқалам, ё баъзан бо чӯбчаи одӣ ва ранги дар об шусташаванда ба торҳои матои дар замин тунукшуда мегузаронид. Ин амалро нусхапартоӣ меномиданд. Сипас усто ва ё ёвари ӯ ҳамаи ҷойҳои ишорашударо, ки ранг кардан даркор набуд, дар торҳои матоъ бо ресмони ғафси обногузар сахт мепечониданд ва боқимондаи торҳоро ранг мекарданд. Баъди ранги аввал ресмони рӯйкашро кушода, торҳоро мехушкониданд ва боз ҳамон тарз рӯйкашро мепечониданд. Танҳо он ҷойҳое, ки бояд ранги дигарро мегирифт, печонида намешуд. Ҳамин тариқ, то ба даст омадани ранги дилхоҳи торҳо ин амал чанд бор такрор мешуд. Ин амал низ хеле нозуку мураккаб буда, маҳорати баландро тақозо мекард. Ҳар як торро бояд эҳтиёткорона аз байни нахҳо ва шона чунон гузаронидан лозим буд, ки тасвир халал наёбад. Торҳои бо ин роҳ ба дастгоҳ устуворшударо бо чӯтка оҳар мекарданд ва сипас ба бофтани матоъ шурӯъ менамуданд, ки кори он як андоза сабуктар ба ҳисоб мерафт. Баъди абрбандӣ ва рангдиҳӣ торҳои танидаро дар ба байни мехҳои чӯбин таранг мекашиданд. Торҳоро хушконида, сипас ба дастгоҳи бофандагӣ мебастанд ва аз он матои матлубро мебофтанд.[1][2]

Нигаред низ[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. — Душанбе, 2014. — С. 13 −14.
  2. Турсунов Н. Абрбандӣ // Энциклопедияи советии тоҷик. Ҷ.1, Д., 1978, с.24.