Jump to content

Абреза Ниятбекова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абреза Ниятбекова
Абреза Юсуббековна Ниятбекова
Таърихи таваллуд 5 март 1972(1972-03-05) (52 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Шуғнон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Алма-матер Донишкадаи давлатии забонҳои ба номи Сотим Улуғзода
Ҷоизаҳо «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2020)

Абреза Юсуббековна Ниятбекова (тав. 05.03.1972, д. Сучон, н. Шуғнони ВМКБ ҶТ) — омўзгори забони русӣ, номзади илмҳои педагогика (2019). «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2020)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абреза Ниятбекова хатмкардаи факултети забон ва адабиёти руси (шуъбаи рўзона) Донишкадаи давлатии забонҳои ба номи Сотим Улуғзода (2002). Фаъолияти кории педагогиашро соли 2002 дар мактаби миёнаи №19-и н. Шуғнон оғоз намудааст. Солҳои 2005-2006 лаборанти калони кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумии факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ кору фаъолият намудааст. Солҳои 2006-2008 ба ҳайси ассистенти кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумии факултети забон ва адабиёти руси ДДОТ ба номи С. Айнӣ кор намудааст. Солҳои 2008-2013 ҳамчун методисти шуъбаи ғоибонаи факултети забон ва адабиёти руси ДДОТ ба номи С. Айнӣ кор кардааст. Солҳои 2013-2017 дар вазифаи ҷонишини декан оид ба илми факултети забон ва адабиёти руси ДДОТ ба номи С. Айнӣ фаъолият намудааст. Аз сентябри соли 2018 муаллими калони кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумии факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ кор намудааст. Аз 28. 12. 2019 то 27. 03. 2019 номзади илми педагогикаи кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумӣ ДДОТ ба номи С. Айнӣ ҳимоя намудааст. Аз 27. 03. 2019 то ин ҷониб декани факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ кор менамояд. Муаллифи 20 мақолаҳои илмӣ, илмию методи мебошад. Бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2020) сарфароз гардидааст.

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ