Ноҳияи Шуғнон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ноҳияи Шуғнон
Ноҳияи Шуғнон
Мамлакат

Flag of Tajikistan.svg Тоҷикистон

Унвон

Ноҳияи маъмурӣ

Тобеи

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Шомили

7 ҷамоат

Маркази маъмурӣ

Ваҳдат

Санаи таъсис

27 октябри 1932

Забони расмӣ

тоҷикӣ

Аҳолӣ (2015)

35 800 [1] нафар

Гурӯҳҳои миллӣ

тоҷикон

Гурӯҳҳои динӣ

мусулмонон исмоилиҳо

Масоҳат

5000 км²

Баландӣ
аз сатҳи баҳр
 • Нуқтаи баландтарин
 • Баландии миёна



 зиёда аз 5000 м
 3000 м

Location of Shughnon District in Tajikistan.png

Минтақаи замонӣ

UTC+5

Сарвожа

SH

Коди ISO 3166-2

TJ.BK.SH

Коди телефон

+992 355

Нишонаи почта

736100

Домени Интернет

tj

Шумораи мошинҳо

04 TJ

Ноҳияи Шуғнон

Координатаҳо: 37°21′00″ а. шм. 71°42′56″ т. шқ. / 37.35000° а. шм. 71.71556° т. шқ. / 37.35000; 71.71556 (G) (O)


Пули дусти миёни Парчами Афғонистон Афғонистону Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон бар фарози рӯди Панҷ, дар мантиқаи Шуғнон-шуғнан!
Намои зебо аз рӯди Панҷ, ва марзи миёни Афғонистон ва Тоҷикистон дар матиқаи Шуғнони ду тараф.

Ноҳияи Шуғнон (порсӣ: ناحیۀ شغنان) - яке аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст ва дар шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Ин ноҳия 27 октябри соли 1932 таъсис ёфта аст. Маркази ноҳияи Шуғнон рустои Ваҳдат аст, ки 15 км шимолтар аз шаҳри Хоруғ дар каронаи рӯди Панҷ дар марз бо Афғонистон ҷой дорад.

Ҷуғрофия[вироиш]

Ноҳияи Шуғнон дар миёни қаторкӯҳҳои Рӯшон ва Шуғнон воқеъ аст. Дар шимол бо ноҳияи Рӯшон, дар шарқ бо ноҳияи Мурғоб, дар ҷануб бо ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон ва дар ғарб бо рӯди Панҷ ва Ноҳияи Шиғнони вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз мебошад.

Аз шарқи ноҳияи Шуғнон ба ғарби он рӯди Ғунд гузар мекунанд, ки ба рӯди Панҷ мерезад.

Ноҳияи Шуғнон ҳудудан 5000 км² масоҳат дорад.

Мардум[вироиш]

Бино бар саршумори соли 2015 дар ноҳияи Шуғнон 35 800 нафар зиндагӣ мекунад.[2] Мардуми Шуғнон ба забони шуғнӣ сухан мегӯянд.

Таърих[вироиш]

Бино бар роҳномаҳо ва ҷаҳоннамоҳои арабизабон ва порсизабони садаҳои миёна, Шуғнону Рӯшон дар гузашта як сарзамин буда Шуғнон (порсӣ: شغنان) ном доштаанд.[3]

Шуғнон аз замони Сомониён то соли 1895 ҳукумате мустақил дошта ва фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд. Қаламрави подшоҳии Шуғнон сарзамини имрӯзаи ноҳияҳои тоҷикии Рӯшон, Шуғнон ва Роштқалъа ва вулусволии афғонии Шуғнон (порсӣ: شغنان) дар ду канораи рӯди Панҷро дар бар мегирифтааст.

Соли 1895 подшоҳии Шуғнон, ки дар ҳар ду канораи рӯди Панҷ қарор дошт, дар паи ҷаҳонгириҳои Русия ва Британия дупора гардид ва канораи рост ба аморати Бухоро ва канораи чап ба Афғонистон дода шуд.[4]

Шуғнон дар солҳои 1878 – 1920 яке аз бекигариҳои аморати Бухоро буд ва бек дар рустои Поршинев менишаст ва мир хонда мешуд.

Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон дар соли 1924, Шуғнон бахше аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гардид, ки 2 январи соли 1925 таъсис дода шуд. Замоне ҳам Шуғнону Роштқалъа як ноҳия буданд.

Бахшҳои идорӣ[вироиш]

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Шуғнон 7 ҷамоат дорад[5]

Ҷамоатҳои ноҳияи Шуғнон
Ҷамоат Аҳолӣ Деҳаҳо
Ванқалъа 5165 Ванқалъа, Абуалӣ Сино (деҳа), Бадчор, Варшез, Миёнакӯҳ, Миёнашаҳр, Оқмамад, Патхур, Пиш, Сардем, Шазуд, Ҷелондӣ
Вер 4690 Вер, Вуж, Гоз, Деҳмиёна, Зивор, Чарсем, Шитам
Дарморахт 2588 Нишусп, Барчидев, Гожак, Зиворак, Пишт
Навобод 5772 Навобод, Мун, Бугод, Вибист, Ғорҷвин, Ривак, Сижд, Турбат
Поршнев 7430 Ваҳдат (шаҳрак), Барёмҷ, Бувед, Бунӣ, Возм, Дирёмҷ, Кушк (деҳа), Пашор, Сохчарв, Тем, Тишор, Хоса, Чирӯҷ, Чошткандез
Сохчарв 2452
Сучон 7344 Манем, Колхозобод, Барсем, Бидурд, Боғев, Вошневдашт, Питоб, Рож, Сангов, Спинз,

Танг, Шивроҷ

Ҳукумат[вироиш]

Тақсимоти идории ВМКБ

Сарвари ноҳияи Шуғнон Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Шуғнон - Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Шуғнон ба муддати 5 сол интихоб мешавад.

Эзоҳ[вироиш]

  1. Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2015 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.
  2. Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2015 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.
  3. Камалиддинов Ш.С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX - начала XIII вв.
  4. Постников А.В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. М.: Памятники исторической мысли, 2001. 416 стр., 8 л. карт. ISBN 5-88451-100-0
  5. Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — 332 с.

Манобеъ[вироиш]

  • Постников А.В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. М.: Памятники исторической мысли, 2001. 416 стр., 8 л. карт. ISBN 5-88451-100-0


Ноҳияҳои Бадахшон
Ноҳияи Дарвоз. Ноҳияи Ванҷ. Ноҳияи Рӯшон. Ноҳияи Шуғнон. Ноҳияи Роштқалъа. Ноҳияи Ишкошим. Ноҳияи Мурғоб.