Абрӯ
Jump to navigation
Jump to search
![]() |
Абрӯ (порсӣ: ابرو ) – хати камоншакли мӯйҳо, ки дар болои чашм қарор дорад;
- абрӯи каҷи дунболадор абрӯи хамида ва дароз;
- абрӯи мушкин абрӯи сиёҳи ғафс;
- абрӯи пайваст(а) абрӯи бо ҳам пайваста;
- теғи абрӯ абрӯи дилрабои маҳбуба;
- абрӯ ба ҳам кашидан хашму ғазаб зоҳир кардан;
- абрӯ гиреҳ задан қиёфаи ҷиддӣ гирифтан; ба ғазаб омадан;
- абрӯ хам накардан бепарво будан;
- абрӯ чин кардан изҳори норизоият кардан, қиёфаи ҷиддӣ ба худ гирифтан;
- бар абрӯ чин доштан хашмнок будан; хафа будан;
- дар абрӯвон чин афтодан дигаргун шудани ҳолат;
- қиёфаи ҷиддӣ ба худ гирифтан;
- чини абрӯ кушода шудан аз қаҳру ғазаб фуромадан.[1]
2. Абрӯ ва ё абру, қош, хатти камоншакли мӯйҳо (лот. supercilium), ки дар таги пешона ва болои чашм аст. Абрӯ дар баробари аҳамияти эстетикӣ доштан, чашмро аз шорида фаромадани арақи ҷабин муҳофизат менамояд[2].
Имлои нави калима[вироиш | вироиши манбаъ]
Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 1 А – Н (нашри дувум)./Зери таҳрири С. Назарзода, А. Сангинов, С. Каримов, М. Ҳ. Султон. – Душанбе 2010, - c. 32 ISBN 978-99947-69-39-1
- ↑ Абрӯ дар Энскилопедияи Донишгоҳи Давлтатии Тиббии Тоҷикистон http://tajmedun.tj/publ/abr/1-1-0-13(пайванди дастнорас)
Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
- Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ Бойгонӣ шудааст 5 май 2016 сол.