Jump to content

Рӯй

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Чеҳра)
Рӯйи як зан

Рӯй (форсӣ: روى‎), чеҳра (форсӣ: چهره‎), рухсор (форсӣ: رخسار‎) сурат (арабӣ: صورت) ва ё рух (форсӣ: رُخ‎)[1] (лот. Facies) — қисми пеши сарӯй Ҳудуди болоии рӯй аз канори мӯйи сар, ҳудуди поёнӣ аз канори ҷоғи поён, ҳудудҳои чапу рост аз гӯшаҳои чапу рости ҷоғи поён ва бехи суфраҳои гӯш мегузарад. Дар рӯй нӯги узвҳои ҳис — анализаторҳо ҷой гирифтаанд, мас., анализаторҳои босира (чашм), сомеа (гӯш), шомма (бинӣ). Аз рӯй ҳамчунин роҳи ҳаво (ба нафаскашӣ мусоидат мекунад) ва гувориш (даҳон) оғоз меёбад.

Тарзҳои гуногуни ба қисмҳо тақсим кардани рӯй мавҷуд аст. Бино ба ақидаи Р. А. Рейсс тарзи нисбатан дуруст ба се бахш (ошёна) тақсим намудани рӯй мебошад: болоӣ (аз абру то мӯи сар), миёна (аз хати абру то хати бинӣ) ва поёнӣ (аз хати бинӣ то зери манаҳ). Чунин тақсимот аз нигоҳи генетикӣ низ асоснок аст, зеро ҳар яки он қисмҳои рӯй маншаи ҷанинии худро дорад. Дар рӯй пешонӣ, абру, бехи бинӣ, бинӣ, чашм, рухсора, ваҷна, лаб, даҳон ва манаҳ ҷой гирифтаанд.

Шакл ва андозаи рӯй, ҳамчунин баъзе аз узвҳои он мумкин аст вобаста ба синну сол, ҷинс, хусусиятҳои нажодӣ ва фардӣ тағйир ёбад. Устухони рӯй аз устухонҳои ноҷунбони қисми пеши косахонаи сар (ҷумҷума) — устухони пешонӣ, устухонҳои ҷоғи боло, бинӣ, ваҷна, устухони ҷоғи поён (ҳаракат мекунад) иборат мебошад.

Мушакҳои рӯй ба ду гурӯҳ хоиш ва мимикӣ (ишора) — ҷудо карда мешаванд. Мушакҳои хоиш ҷоғи поёнро ба ҳаракат медароранд. Мушакҳои мимикӣ дар умқи пӯст ҷой гирифта, ҳангоми кашиш ёфтан лаб, рухсора, пилки чашм, пешонӣ ва парраки биниро ҳаракат медиҳанд (аз ин лиҳоз амалҳои имову ишора дар одам хеле зиёданд). Фаъолияти мушакҳои мимикиро шохаҳои асаби чеҳра ва кори мушакҳои хонишро торҳои муҳаррики шохаи сеюми асаби сетора назорат мекунанд. Асаби сетора ҳассосияти пӯсти рӯй, луобпардаи даҳону бинӣ, дандонҳо ва ҷоғро низ таъмин месозад. рӯй аз шохаҳои берунии артерияи суботӣ, ки шабакаи анастомозҳоро ба вуҷуд меоваранд, бо хун таъмин мешавад. Лимфа аз рӯй тавассути роҳҳои лимфагузар ба лимфауқдаҳои канорӣ, ки гурӯҳ-гурӯҳ ҷой гирифтаанд, меояд; хусусан уқдаҳои лимфавии зери ҷоғ ва амиқи гардан муҳим мебошанд. Аксуламали онҳо ҳангоми пайдоиши бемориҳои сироятӣ дар рӯй ва ҷавфи даҳон возеҳ ба мушоҳида мерасад. Метастази омосҳои саратонӣ низ маҳз дар ҳамин уқдаҳо зуҳур меёбанд. Ғайр аз уқдаҳои лимфавии номбурда, ҳамчунин гурӯҳҳои хурди лимфауқдаҳо низ мавҷуданд, мас., дар рухсора, назди гӯш, зери ҷоғ, зери манаҳ ва ғ. Осеби ин уқдаҳои лимфави (лимфаденитҳо)-ро ҳангоми ташхиси тафриқии бемориҳои илтиҳобӣ ба назар гирифтан лозим аст.

Дар рӯй мумкин аст нуқсҳои гуногуни модарзодӣ падид оянд, мас., лабчокӣ, роғкомӣ ва ғ. Дар пӯсти рӯй бемориҳои римнок, пучак, ҳафтпӯст, думбал, флегмона, саромос, сил, оризаҳои сифилис ва ғ. пайдо мешаванд. Аз омосҳои некфарҷом дар рӯй атерома, липома, папиллома, киста, гемангиома, лимфангиома ва ғ. ташаккул меёбанд. Тарзи муолиҷаи онҳо гуногун аст.

Ба осебҳои рӯй зарбулат, хуншорӣ, хуномосҳо, захми тир, бурида шудани пӯст, шикастани ҷоғ ва ғ. мансубанд. Осебу садамаҳои рӯй-ро духтурони осебшинос, ҷарроҳон, дерматологҳо табобат мекунанд.

  1. Фарҳанги Забони Тоҷикӣ нашри Москва (1969) ҷилди 2 саҳ. 155—156 (рӯй), 275 (чеҳра), 538 (сурат) ва 154 (рух ва рухсор)
  • Куприянов В. В., Стовичек Г. В. Анатомическая характеристика лица человека // Лицо человека: анатомия, мимика. — М.: Медицина, 1988. — 272 с.(рус.)
  • Рейсс рӯй А. Словесный портрет. — М., 1911. — 154 с.(рус.)
  • Куприянов В. В., Стовичек Г. В., Анатомическая характеристика лица человека, М., 1988;
  • Абдураҳмонов Ф. А., Анатомияи одам, ҷ. 1 — 2, Д., 1995, 1998.