Jump to content

Абсурдизм

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Абсурдизм ё пучгароӣ — равияи фалсафиест, ки шинохти инсониятро меомӯзонад.

Калима «пуч» муқобили байни тамоюли навъи башар барои ҷустуҷӯи арзиши дарунӣ ва маънои дар зиндагӣ ва нотавонии инсон дар ёфтани он шинохта мешавад. Дар инҷо «пуч» ба маънои «номумкин аз лиҳози мантиқӣ» нест, балки бештар ба маънои «номумкин аз лиҳози инсонӣ» аст. Зеҳни инсон ва ҷаҳон ҳечкадом ба сурати ҷудо пучиро сабаб намешаванд, балки «пучӣ» аз табиат мухолифи ин ду бо ҳам бар меояд. Пучангорӣ бинобарин як мактаби фалсафӣ аст, ки баён мекунад талоши инсон барои ёфтани маъно дар ниҳоят бо шикаст мувоҷеҳ мешавад зеро мизони холиси иттилоот ва маҳдудаи бисёр густурдаи нодонистаҳо қатъиятро номумкин мекунад; Ва бо ин ҳол бархе бар ин ақидаанд, ки бо вуҷуди чунин ҳақиқате фард бояд пучиро бипазирад ва бо ин ҳол ба ҷустуҷӯ ва пажӯҳиш барои ёфтани маъно идома диҳад. Ба унвони як фалсафа, пучгароӣ табиати бунёдии пучиро баррасӣ ва ин, ки чигуна афрод баъд аз ин, ки бо «пучӣ» бархурд карданд бархурд кунанд.

Дар фалсафаи пучгароӣ, пучи аз ноҳамоҳангии байни ҷустуҷӯи фард ба думболи маъно дар ҷаҳон ва бемаъноии ҷаҳон бар меояд. Ба унвони мавҷудоте, ки ба думболи маъно дар ҷаҳон мегарданд, башар се роҳ барои ҳал ин масъала дорад.

Албер Камю ин роҳиҳалҳоро дар китобҳояш, «Афсонаи Сизиф» ва «Марз ба сӯи марг» овардаанд: худкушӣ (ё фирор аз ҳастӣ): роҳи ҳале, ки дар он фард ба зиндагии худ поён медиҳад. ҳам Камю ва ҳам Сёрен Керкегор дурустии ин равишро қабул надоштанд. Камю мегуфт «ин (худкушӣ) бо пучӣ муқобила намекунад, балки онро бадтар мекунад ин, ки ба зиндагии худ поён диҳӣ» эътиқодоти мазҳабӣ, рӯҳонӣ ва боварҳои муҷаррад дар як бистари фароофуқӣ: роҳиҳале, ки дар он фард ба воқеияте фаротар аз «пучӣ» муътақид аст, ки худ маънӣ дорад. Сёрен Керкегор эътиқод дошт бовар ба чизе фаротар аз пучӣ ба як пазириши ғайр ақлонӣ, аммо лузуман мазҳабӣ аз чизе нодиданӣ ва аз лиҳози таҷриба ғайриқобили исбот меанҷомад. Бо ин ҳол Камю ин роҳи ҳалро навъе «худкушии фалсафӣ» медонист. Пазириши пучӣ: роҳи ҳалле, ки дар он фард пучиро мепазирад ва бо вуҷуди он ба зиндагии худ идома медиҳад. Камю ин роҳро қабул дошт ба назари ӯ замоне пучиро мепазирем метавон ба озодии мутлақ расид ва бо дар назар нагирифтани ҳеч мазҳабе ё дигар маҳдудитҳои ахлоқӣ ва туғён алайҳи пучӣ ва дар айни ҳол пазириши он шояд фард битавонад аз ин раҳгузар худро ба маъное хушнуд кунад. Аммо Сёрен Керкегор ин роҳро «девонагии шайтонвор» маънидод мекунад.

Пучгароӣ ва Албер Камю

[вироиш | вироиши манбаъ]

Албер Камю ба унвони яке аз пешгомони фалсафаи пучгароӣ ё абсурдизм шинохта шудааст, пучангорӣ иддао мекунад, ки инсонҳо асосан бемаънӣ ва ғайри мантиқӣ ҳастанд ва ранҷи инсонҳо натиҷаи талошҳои беҳудаи афродест, ки қасд доранд далел ё маъние барои он дар пучии бепоён вуҷуд пайдо кунанд. Камю иддао мекунад танҳо саволи фалсафи дуруст савол дар бораи худкушӣ аст, ба маънии дигар оё мо бояд ранҷи зиндагиро таҳаммул кунем ё инки ба содагӣ худро бикушем? Камю истидлол мекунад, ки аз назари таърихӣ бештар инсонҳо ё бовар доштанд, ки зиндагӣ пуч аст ва бинобарин худкуширо амри наҷотбахш муаррифӣ мекарданд ё инки маънои сунние монанди дин сохтанд то зиндагии худро пур кунанд ва ба он маъно бахшанд. Камю иддао кард, ки роҳи севуме ҳам вуҷуд дорад: мо метавонем дарёбем, ки зиндагӣ пуч ва бемаънӣ аст аммо дар ҳар ҳол ба зиндагӣ идома диҳем, касоне, ки роҳ севумро интихоб мекунанд қаҳрамонони пучи ё «absurd heroes» номида мешаванд;, ки бо туғён бар пучӣ ба халлоқият ва офаринандагӣ даст меёбанд.

Тоғӣ (туғёнкунанда) ва ҳунарманд чеҳраҳое ҳастанд, ки Камю онҳоро қаҳрамонони пучӣ меномад. Ин мардумон маъноро дар ҳирфаи худ ёфтаанд ва бинобарин ба як ҳадди стандарти мерасанд, ки моро ба ёди чеҳраи Афсонае Сизиф меандозад, касе, ки маҳкум буд то тахта сангеро болои кӯҳе бибарад ва медонист, ки ба маҳзи раҳо кардани он санг дубора поин меафтад ва ӯ маҷбур аст то он корро то абад такрор кунад.