Албер Камю

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Албер Камю
фр. Albert Camus[1]
Таърихи таваллуд 7 ноябр 1913(1913-11-07)[2][3][4][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 4 январ 1960(1960-01-04)[5][2][3][…] (46 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ фалсафа[8], адабиёт[1], рӯзноманигорӣ[8], фалсафаи ахлоқ, existence[d], фалсафаи сиёсӣ[d], рӯзноманигории эътиқодӣ[d][8], Театр[8][1], literary activity[d][8], ҷустор[8], драма[8] ва The strange writer[d]
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: licence[d][9] (1935) ва DES[d][9] (1936)
Алма-матер
Ҷоизаҳо
Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт
Имзо Имзо
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор

Албер Камю (фр. Albert Camus; 7 ноябри 1913, Мондови, Алҷазоир — 4 январи 1960, Вилблевен Фаронса) — адиб, файласуф ва воқеъанигори фаронсавӣ. Ҳанӯз дар вақти зиндагониаш лақаби ифтихории «Виҷдони Ғарб»-ро гирифта буд. Барандаи Ҷоизаи нобели адабиёт (1957).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Албер Камю 7 ноябри соли 1913 ба дунё омада, 4 январи соли 1960 вафот кардаст. Нависанда, файласуф ва рӯзноманигори фаронсавӣ. Барандаи ҷоиза адабии Нобел. Ӯ яке аз нависандагони бузурги қарни ХХ ва муаллифи китоби машҳури «Бегона» ва мақолаи ҷараёнсози «Афсонаи Сизиф» мебошад.

Навиштаҳои Албер Камю бозтоб ва инъикоси бегонагӣ ва шикастҳои равшанфикрони Урупо баъд аз ҷанги ҷаҳонии дуввум ва то ҳадди зиёде таҳти таъсири андешаи фалсафаи асолати вуҷуд (экзистенсиализм) буд. Камю дар соли 1957 дар 44 солагӣ барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт шуд.

Камю дӯсти наздики Жан Пол Сартр буд. Мутафаккире буд, ки фалсафаро ба воситаи асарҳои адабӣ, чун ҳикоя, повест ва роман тарғиб мекард. Муҳаққиқон ҷараёни фалсафиашро экзистенсиализми гуманистӣ ва дунявӣ муайян намудаанд. Камю нависандае буд, ки сифатҳои пучӣ, беҳудагӣ, абас ва абсурдро барои вазъият ва шароите ибдоъ ва ихтироъ кард, ки дар он инсонҳо мехоҳанд зиндагиашон дорои маъно ва аҳамияте бошад. Дар сурате, ки ҷаҳони воқеӣ ва реалии мо комилан бемаънӣ ва беҳадаф аст. Камю рисолаи фалсафии «Устураи Сизиф»-ро (1942) бо ин иборати машҳур оғоз кард: «Фақат як масъалаи воқеан ҷиддии фалсафӣ вуҷуд дорад ва он (масъала) худкушӣ аст. Қазоват дар бораи ин ки оё зиндагии мо одамон арзиши зистанро дорад ё надорад, баробар аст бо посух ба ин саволи бунёдӣ ва асосии фалсафа». Ӯ ба ин натиҷа расид, ки худкушӣ навъе таслим аст. Камю ошкоро ба воситаи ғурур ва иззати нафс гуфт: «Ҳеч чиз ба андозаи ғурури башар бузург ва бошукуҳ нест». Ӯ аз ин роҳ мехост мардумро барои зиндагӣ дар олами бемаънӣ омода ва мутобиқ гардонад. Ғайр аз «Устураи Сизиф» (Афсонаи Сизиф) ва китобе бо номи «Тоғӣ» (Инсони исёнгар) (1951), Камю асосан афкорашро дар маҷмӯае аз достонҳои тулонӣ пешкаши хонандагон намуд. Аз ҷумла дар романи «Бегона» (Посторонный) (1942), романи «Тоун» (Чума) (1947) ва повести «Суқут» (Падение) (1956). Ӯ дар соли 1960 ҳангоми бозгашт аз таътили тобистона дар яке аз ноҳияҳои назди шаҳри Париж дар як тасодуфи ронандагӣ ба садама дучор гардида, ба дарахти чанор бархурд ва ҳалок гардид. Достоне (романе), ки дар он замон дар ҳоли навиштан буд, ба номи «Марди аввал» дар соли 1995 ҳамон тавр нотамом мунташир шуд. Мавзӯи роман солҳои кӯдакии Камю дар Алҷазоир буд.

Фаъолияти эҷодӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Камю шахсияте фавқулода ҷаззоб дошт ва ӯро «қуддус ва валии бидуни Худо» хондаанд. Ӯ, ки сафедпӯсти фақире аз Алҷазоир буд, вақте ҳозир ба таъйид ва дастгирии ҷабҳаи озодибахши миллии Алҷазоир нашуд, чапҳо ва коммунистони Франсия аз ӯ интиқод карданд, ба онҳо чунин ҷавоб дод: «Ман ба ҳақ ва адолат бовар дорам, аммо қабл аз адолат, аз Модарам дифоъ мекунам». Ин ҷабҳа фаронсавиҳои муҷоҳидро аз Алҷазоир берун карданӣ буданд. Камю ба яке аз дӯстонаш, ки узви ҳизби коммунист буд, чунин гуфт: «Ҳар иттифоқе ки биафтад, ман метавонам аз ту дифоъ кунам, то тирборон нашавӣ, аммо агар маро тирборон кунанд, ту маҷбурӣ ки ба дастури ҳизби коммунистӣ он фармонро таъйид ва тасдиқ намойӣ». Камю дар охирҳои умраш робитаашро бо Жан Пол Сартр қатъ кард ва ин ба хотири ҳимояти исроркоронаи Сартр аз зулм ва ваҳшате буд, ки коммунистҳо ба роҳ андохта буданд. (Достони фалсафа. Бриан Меггӣ. Тарҷимаи форсӣ. Чопи аввал 1388=2009, саҳ 217—218). Сабаби асосӣ ин буд, ки Камю сиёсати Шӯравӣ ва Сталинро сахт танқид мекард. Дар сурате, ки Сартр тарафдори ин сиёсат буд.

Яке аз муҳимтарин асарҳои фалсафии Камю китоби «Афсонаи Сизиф» (Миф о Сизифе) мебошад. Дар муқоваи охири китоби «Афсонаи Сизиф», нашри форсӣ, соли 2003 чунин омадааст: «Худоён Сизифро маҳкум карда буданд, ки пайваста тахтасангеро то қуллаи кӯҳе боло бубарад. Ва чун ба қулла мерасид он тахтасанг аз китфи Сизиф меафтод ва ба ҷои аввалаш бармегашт. Ҳамин кор ҳар рӯз такрор мешуд. Худоён ба ҳақ андешида буданд, ки аз барои гирифтани интиқом ва танбеҳ ҷазое даҳшатноктар аз кори беҳуда ва беумед нест. Агар ба гуфтаи Ҳомер бовар дошта бошем, Сизиф оқилтарин ва эҳтиёткортарини инсонҳо будааст. Чун дар ин ҷо таноқуз ва зиддияте вуҷуд надорад. Доир ба сабабҳое, ки Сизифро сазовори ин кори беҳуда дар ҷаҳаннам кард, дар байни муҳаққиқон ақидаҳои мухталифе вуҷуд дорад…Чаро ки вай асрори Худоёнро фош карда буд». (с.200)

Аксари муҳаққиқони муосир бар ин назаранд, ки мавзӯъи меҳварии фалсафаи Камю масъалаи маънибохтагӣ, пучӣ, беҳудагӣ ва абсурд дар зиндагии башар аст. Ҳарчанд худи Камю мегуфт, ки ман файласуф нестам, вале воқеият ин аст, ки ӯ бузургтарин файласуфи озодандеш ва реалисти асри ХХ буд. Мо медонем ки Камю пеш аз дигар файласуфони муосираш ба ин андеша расида буд, ки дар ҷаҳони имрӯза дигар намешавад асарҳои фалсафиро бо тарзу услуби куҳна таълиф намуд. Яъне дар шакли рисолаҳои назариявии хушку дилгиркунанда. Ва мегуфт, ки «агар файласуф шудан хоҳӣ, бояд роман нависӣ». Ва худ аз рӯйи ин қоида рафтор намуда, аксари осори худро дар шакли роман, намоишнома, мақола ва ёддошт навиштааст.

Баъзе муҳаққиқон ӯро пайрави ҷараёни фалсафии вуҷудӣ (экзистенсиализм) мешумориданд. Ӯ ин даъворо низ рад мекард. Ва мегуфт, ки ман экзистенсиалист нестам. Муҳаққиқон ин даъворо пеш меоранд, ки Камю аз даврони ҷавонӣ боз гирифтори бемории сил (туберкулёз) буд. Ва ҳамвора дар бораи фаро расидани рӯзи маргаш фикр мекард. Аммо худи Камю ҳатто худро ба экзистенсиализми динии Яспесу қаҳрамонони осори Сартр ҳамақида намедонад. Пас, Камю чи назари хосе дорад? Назари мушаххаси фалсафии ӯ чунин аст:

Якум: Воқеият ин аст, ки зиндагии башарӣ чуноне, ки аз таърихи тулонии он бармеояд, як зиндагии беҳуда, пуч, абас ва абсурд аст.

Дуюм: Эътиқодоти динии мо ин беҳудагиро барҳам зада наметавонанд. Ҳазорҳо дину мазҳаб омаданд ва боз меоянду мераванд. Вале пучӣ ва абсурд дар ҷойи худ устувор мемонад. Тасаллоҳои динии мо ин «дард» -ро даво карда наметавонанд.

Сеюм: Аз ҷавоби саволҳои воқеияти пучӣ ва беҳудагии зиндагии инсонӣ гурехтан фоидае надорад. Ин роҳи дурусти ҳалли муаммои абсурд нест.

Чорум: Роҳи дурусти ҳалли масъала ин аст, ки мо бояд хунсардона вуҷуд доштани ҳодиса ва падида(феномен) -и пучӣ ва абсурдро дар зиндагии башарӣ қабул кунем ва эътироф намоем. Дар «Афсонаи Сизиф» бояд қабул кунем, ки Сизиф аз кори худ шод ва қонеъ аст, ҳангоме, ки аз болои кӯҳ ба поён мефарояд. Чаро? Барои он ки худи Сизиф аз беҳудагии кори худ огоҳ аст, вале таслим намешавад. Ҳамин муқовимати шикастнопазир сабаб ва мояи саодатмандӣ ва ғурури инсонии Сизифро ташкил медиҳад. Чаро ки ӯ чораи дигаре надорад. Вале дар зиндагии воқеии одамон чунин муносибат танҳо аз роҳи шӯриш ва исёни бардавом ва ҳамешагӣ амалӣ мегардад. Бисёре аз қаҳрамонони асарҳои Камю чунин ҳолати рӯҳониро дар мушкилоти зиндагонии рӯзмарра аз сар мегузаронанд. Масалан, дар ҳолатҳое, ки яке аз ин қаҳрамонони роман ва намоишномаҳои ӯ дар зиндагиашон гирифтори таҳдидҳои марговар мешаванд ва ё ин ки яке аз наздиконашонро аз даст медиҳанд ва ё худи он қаҳрамонон гирифтори зиддият ва носозгорӣ бо виҷдони худ мегарданд ва ғайра.

Панҷум: Авҷи баланди беҳудагӣ ва абсурд дар ҷомеа ба андешаи Камю онгоҳ зоҳир мешавад, ки баъзе гуруҳҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба мисли фашизм, натсизм, болшевизм, сталинизм, маоизм ва ғайра талош мекунанд, ки бо роҳи зӯрӣ ва истибдод ҳолати ҷомеаро беҳтар кунанд. Худи Камю ҳамчун гуманист ва сотсиалисти муътадил ва ҳамзамон зидди низоми авторитарӣ-истибдодӣ бар ин ақида буд, ки аз роҳи зӯрӣ ва террор аҳволи ҷомеа бадтар мешаваду беҳтар не. Фаъолияти ҳизбҳои тоталитарӣ ва террористии асри XX ва XXI гувоҳи ин ҳолат ва ин воқеиятанд. Исён ва шӯриши дастҷамъона ба андешаи ӯ ҷомеаро ба ҳамбастагии иҷтимоӣ ва бехатарии коллективӣ мепайвандад. Ба шарте, ки ҳудудҳо ва меъёрҳои зиндагии иҷтимоӣ ба эътибор гирифта шаванд. Бо як калима метавон гуфт, ки: «Ман шӯриш ва исён мекунам, пас мо вуҷуд дорем». Ин ду навъи исён ки имкони амалӣ шудан доранд, Камю исёни ҳунариро беҳтар мешуморад. Исёни аввал фаъолиятҳои инқилобӣ асту исёни дуюм фаъолиятҳои эҷодӣ ва ҳунарӣ. Ба ҳар сурат Камю бо ин андешаи худ натавонистааст аз доираи назарияи пессимистӣ берунтар қадам гузорад. Чаро ки ба андешаи охирин ва ниҳоии Камю гӯё намешавад шарр ва бадиро ба таври куллӣ аз олами вуҷуд берун кард.

Шашум: Баъзе муҳаққиқон ақидаҳои Камюро ғайридинӣ ва атеистӣ арёбӣ намудаанд. Аммо худи Камю худро атеист намешуморад. Дар тақвияти дурустии ин масъала баъзе муҳаққиқон бар ин назаранд, ки тарафдорони экзистенсиализми ғайридиниро ба атеизм нисбат додан як масъалаи шартӣ ва эътиборӣ аст. Чаро ки худи Камю ба Худо эътиқод надошт ва ба мисли Нитсше Худоро инкор мекард ва бо вуҷуди ҳамаи ин тасдиқ мекард, ки агар Худо набошад, зиндагии башарӣ ба куллӣ беҳуда ва пуч мегардад. Ин андешаро чандин асрҳо пеш файласуфи фаронсавӣ Волтер низ такрор намуда буд.

Ҳафтум: Баъзе аз муҳаққиқон роҳи ҳалли фалсафаи абас ва абсурдро дар ин медонанд, ки: Инсон гирифтори се мушкилии асосӣ аст:-Тарс аз маргу мурдан ва нестии абадӣ. -Дигаркушӣ ё террори дигарон. -Худкушии фардӣ ё маргӣ ихтиёрӣ.

Саволи асосӣ ин аст, ки: барои наҷоти инсон аз марги ҷисмонӣ ва рӯҳонӣ чӣ бояд кард? Ин ҳолатро мегӯянд: бунбасти вуҷудӣ ё абсурд. Пас чӣ бояд кард? Ҷавоби онҳо ин аст: Барои ҳалли ин се мушкилӣ мо бояд маргро барҳам занем. Ва дар ин ҷаҳон ба зиндагии абадӣ ва ҷовидонӣ ноил гардем. Аммо сабаби ба бунбасти фикрӣ гирифтор шудани Албер Камю дар он буд, ки ӯ маҳз ҳамин нуктаи чорум: барҳам задани маргро аз зиндагии башар сарфи назар карда буд. Маҳз эътирофи ҳамин нуктаи чорум аст, ки мушкилоти беҳудагӣ, пучӣ ва абсурд будани зиндагии инсониро аз байн мебарад. Ва дар натиҷа Инсони оянда аз тарси марг, дигаркушӣ ва худкушӣ наҷот меёбад.

Ба таври мушаххас натиҷаҳои мусбати ин чоркунҷаи ҳадафманд ва созанда аз ин қароранд:

  • Барҳам задани тарс аз марг ва мирандагии инсонҳо.
  • Барҳам задани худкушии фардӣ ва ихтиёрӣ.
  • Барҳам задани якдигаркушӣ ва террори дигарон.
  • Барҳам задани марг ва мурдан дар ҷомеа.
  • Сохтани ҷомеаи ҷаҳонии солим ва расидан ба сулҳи куллӣ.
  • Ҳамбастагии инсоният дар баробари хатарҳои заминӣ ва кайҳонӣ.

Ноил шудан ба зиндагии ҷовидонаи инсон дар ин замин ки ҳадафи асосӣ ва ҷавҳарии вуҷуди инсониро ташкил медиҳад.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Осори адабӣ ва фалсафии Алберт Камю:

  • Бегона (Посторонный)-1942 ба тоҷикӣ тарҷума ва нашр гардиааст.
  • Тоун (Чума)-1947
  • Суқут (Падение)-1956
  • Марги хушбахтона (Счастливая смерть) 1936—1937
  • Намоишномаҳо
  • Калигула-1938
  • Марсияе барои роҳиба (Реквиэм по монахине)-1956
  • Суитафоҳум (Недоразумение)-1944
  • Ҳукумати низомӣ.
  • Додгустарон (Праведники)-1949
  • Тасхиршудагон (Бесы)-1959
  • Пушту ру (Изнанка и лицо)-1937
  • Айш (Брачный пир)-1938
  • Афсонаи Сизиф (Миф о Сизифе)-1942
  • Инсони исёнгар (Бунтующий человек)-1951
  • Ёддоштҳо (Дневники) 1935—1942
  • Ёддоштҳо (Дневники) 1951—1959
  • Одами аввал (романи нотамом), соли нашр 1995
  • Метафизикаи масеҳӣ (Христианская метафизика) 1953
  • Табъид (Бадарға) ва ҳукумати виҷдон (Изгнание и царство)
  • Тааҳҳуди (масъулияти) аҳли қалам. (Маҷмӯаи мақолаҳо)
  • Чанд нома ба дӯсти олмонӣ
  • Дилҳура (ташвиш) аз олами вуҷуд
  • Ростон (намоишнома дар панҷ парда)
  • Шодиҳо ва нокомиҳо
  • Одилҳо
  • Фалсафаи пучӣ (Гузидаи мақолаҳои Камю)
  • Меҳмон (Гостеприимство)

Фалсафаи Камю[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи мақолаи «Алберт Камю-марди беватан» Фаришта Хусравӣ, соли 2016 чунин нигоштааст: Камю бузургмарде, ки дар фақр мутаваллид шуд, дар сахтӣ рушд ёфт, бо муҳимтарин рухдодҳои таърихи башарият дар қарни 20-ум зиндагӣ кард ва ҳаргиз аз баёни ҳарфи ҳақ ва дағдағаҳои (васвасаҳои) башардустонааш даст накашид. Камю ҳаргиз нисбат ба авзои ҷаҳон беаҳамият боқӣ намонд ва нисбат ба онҳо вокунишҳо ва аксуламалҳои тунде аз худ нишон медод. Вай ҷузъи маъдуди (андаки) нависандагони фаронсавизабон буд, ки дар августи соли 1945 ба таври ошкоро мухолифат ва ғазаби худро аз бомбаборони атомии Япония аз тарафи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иброз кард. Камю дар соли 1952 пас аз он ки Созмони Милал, Испанияи таҳти раҳбарии генерал Франкоро ба узвият пазируфт, аз кораш дар ЮНЕСКО истеъфо дод ва аз камтарин шахсиятҳои чап буд, ки ба саркуби хушунатбор ва золимонаи корпартоии коргарони Олмони шарқӣ дар соли 1953 эътироз кард ва навишт: «Ҳангоме, ки ҷое дар дунё як нафар бо муштҳои холӣ ба як танк наздик мешавад ва фарёд мезанад ки барда ва ғулом нест, мо чи ҳастем агар бетафовуту бепарво боқӣ бимонем?…» Дар соли 1956 Ӯ дар бораи саркуби шуриши Маҷористон (Венгрия) тавассути Шуравӣ гуфт:

Имрӯз Маҷористон барои мо ҳамон аст, ки Испания бист сол пеш буд.

Дар моҳи июли соли 1953 пас аз саркуби хунбори тазоҳуроти ороми мусулмонон дар Париж навишт: «Ҳамнишинии қадимии сукут, хомушӣ ва зулм, коргарони Алҷазоириро овора мекунад, ба ғорнишинӣ ва гӯшагирӣ меандозад, аз сари нигаронӣ ва изтироб ба марзи хушунат мерасонад ва гоҳе мекушад». Вале то поёни умри кӯтоҳаш Камю ҳеч нооромӣ ба андозаи ҷанг дар сарзамини модариаш ӯро мутаассир накард. Дар моҳи июни соли 1943 дар кушодашавии намоишномаи «Магасҳо» буд, ки Алберт Камюи ҷавон худро ба Жан Пол Сартр ва Симон де Бовуар муаррифӣ кард. Интишори китобҳои «Бегона» ва «Афсонаи Сизиф» як соле буд, ки барои Камю шуҳрати зиёде ба бор оварда буд. Камю дар нашрияаш «Камбо» (Мубориза) борҳо осори Сартрро ба хонандагон шинос намуда буд. Ва Сартр низ мақолаи баланду ҷолиберо дар мадҳи романи «Бегона» навишта аст. Ва ин аввалин мулоқоташон ба шумор мерафт. Сартр бар хилофи Камю аз хонаводаи буржуазӣ буд ва аз ин шиносоӣ бо Камю чандон розӣ наменамуд. Ва Сартр дар донишсарои олии Париж таҳсил карда буд ва аз маъруфтарин файласуфони Франсияи онруза ба ҳисоб мерафт. Аммо алоқаи муштарак бо театр, нависандагӣ, фаъолият дар ҷабҳаи муқовимат бар зидди натсистҳо ва мулоқотҳо дар қаҳвахонаи Флори Париж хеле зуд робитаи ошноии ин ду нависандаро табдил ба дӯстии мустаҳкаме кард. Дар миёнаи ҷанги сард ва хатари сар задани ҷанги атомӣ Сартр ҷониби Шӯравӣ ва Камю ҷониби Зиндагиро гирифт. Камю ин назарро дошта ки: «Ман мухолифи ҳар ҷанги ҷадиде ҳастам. Шуриши имрӯз ба маънои туғён ва исён бар зидди ҷанг аст.» Ва бо ба даст овардани шоҳидоне ки аз вуҷуди урдугоҳҳои кори иҷбории Шӯравӣ шаҳодат медиҳанд, Камю интизор дошт ки Сартр шуравиро маҳкум мекунад, ҳамон гуна ки пештар бо урдугоҳҳои Олмони фашистӣ мухолифат карда буд. Аммо Сартр аз ин амр сар боз зад ва қабул накард. Гузашти солҳо исбот намуданд, ки ҳақ ба ҷониби Камю будааст. Камю бо гироишҳо ва майлҳои башардустонааш аз пазириш ва қабули ҳар шакле аз зулм (зулми фашистӣ ва ё сталинистӣ) ва созишкорӣ сар боз мезад. Аммо Сартр наметавонист дар муқобили ҳамлаҳои фашистӣ ҷойгузини (алтернативаи) беҳтаре барои коммунизми шуравӣ биёбад ва дар натиҷа даст ба созиш зад. Шояд фикр фикр мекард, ки бо ин иқдомаш метавонад майдони шуҳратталабиро барои Камю маҳдуд гардонад. Албер Камю дар соли 1951 пас аз ду соли гӯшанишинӣ дар хонааш дар асари бемории сил (туберкулёз), китоби «Инсони исёнгар»-ро мунташир кард ва дар он шуриш ва инқилобро аз назаргоҳи фалсафӣ мавриди баррасӣ қарор дод. Бо вуҷуди он ки худ аз назари сиёсӣ ба гуруҳи чапҳо дохил буд, интиқодот ва хурдагириҳои худро нисбат ба коммунизм ошкор кард. Аз ин пас, ӯ ҳамроҳони худ, аз ҷумла Жан Пол Сартрро аз даст дод. Ва пас аз мушоҷирот ва мунозираҳои тунду тези қаламӣ дар нашрияи «Замони нав» бо сардабирии Сартр, дар танҳоии худ фуру рафт. Симон де Бовуар дар соли 1954 романи ду ҷидии «Мандаринҳо»-ро бо илҳом аз мавқеияти равшанфикрони Париж, ҳамчун Камю (Ҳенри), Сартр (Де Брой) ва худаш Бовуар (Он) ва далелу бурҳонҳои интихобҳои сиёсиашон дар Урупои пас аз ҷанги Ҷаҳонии дувум дар тули ҷанги сард тасвир кард.

Баъд аз инқилоби соли 1848 бо ваъдаи хона ва ду гектар замин аҷдодони Камю бо ҳамроҳи беш аз ҳазор хонаводаи фаронсавии дигар, довталаби сафар ба Алҷазоири тозаишғолшуда аз тарафи Франсия, гаштанд. Ин Алҷаҳзоириҳои фаронсавитабор баъдтар «посиёҳ» лақаб гирифтанд. Дар соли 1954 ҳамлаҳои ҷабҳаи озодибахши миллии Алҷазоир бар зидди органҳои давлатӣ шурӯъ шуд. Ин даргириҳо ниҳоятан ба кушторҳои дастаҷамъӣ ва холӣ кардани деҳкадаҳо ва шиканҷаи муборизон аз сӯи давлати Фаронса оварда расонд. Хоста ва ҳадафи ҷабҳаи озодибахш истиқлоли комил ва эъҷоди давлати Алҷазоир бар асоси қонунҳои исломӣ буд, дар ҳоле, ки Камю як навъ федератсияи дуҷомеаӣ бо ҳуқуқи баробар ва имкони ҳокимияти ҳар ҷомеа бар худ дар даруни федератсияро пешниҳод медод. Аз назари Камю дар ин ҳангом як миллион Алҷазоирии фаронсавитабор аз насли панҷум ва шашум, аввалин муҳоҷирони садаи XIX, муқими Алҷазоир буданд, ки мутааллиқ ба худи Алҷазоир ҳисоб мешуданд. Франсия на кишварашон буд ва на сарзамини модариашон. Камюи посиёҳ аз ҷониби посиёҳҳо ки моил ба тақсими сарват бо арабҳо ё доштани ҳуқуқи баробар бо онҳо набуданд, як хоин ва аз ҷониби муборизони мусулмони Алҷазир низ бе таҷриба ва содалавҳ шуморида мешуд.

Алберт Камю дар тули ҳашт моҳ 35 мақола доир ба авзои Алҷазоир таҳти унвони «Алҷазоири пора-пора» дар рӯзномаи «Экспресс» навишт ва ниҳоятан дар 22 июли соли 1956 гидиҳамоии умумӣ дар Алҷазоир ташкил дод, то байни истеъморгарони фаронсавӣ ва мусулмонони бумӣ (таҳҷоӣ) сулҳ барқарор кунад. Ӯ ки борҳо дар аввалҳои дохил шуданаш ба Алҷазоир ба далели ҷиҳатгириаш ба марг таҳдид шуда буд, дар ниҳоят назарияи оташбаси маданиро ба маънои дар амон будани тудаи ғайринизомиён, аз даргириҳо матраҳ кард ки он ҳам ба шикаст рӯ ба рӯ шуд. Пас аз ин Камю ба ин андеша ва бовар расид, ки ҳеч кас ба талошҳо ва фарёдҳои ӯ таваҷҷӯҳе нишон нахоҳад дод ва чунин навишт: «Ин охирин ҳушдори қабл аз сукути як нависанда аст. Нависандае, ки беш аз 20 сол ба ҷунбиши Алҷазоир хидмат кардааст». Барои Камю ки тақрибан тамоми бузургсолии худро дар Фаронса дар бадарға ва табъид ба сар бурд, Алҷазоир ва хотираи офтоби тоқатфарсои соҳили Медитронӣ (Баҳри Миёназамин) нуқтаи бозгашти ҳамешагии ӯ буд. Ҳама осори достонии Камю дар хоки Алҷазоир рух медиҳад. Камю қабл аз он ки истиқлоли Алҷазоир ва бозгашти ҳаштсад ҳазор посиёҳро аз ватан ва зодгоҳашон бубинад, аз дунё рафт. Камю пеш аз муҳоҷират ба Фаронса дар солҳои 1937—1938 дар ду китоби «Пушту рӯ» дорои панҷ мақола ва «Айш» (Зиёфати ҷашни издивоҷ) шомили чаҳор мақолаи таҳқиқиро ба чоп расонд. Ӯ дар ёддоштҳояш барои осори дигараш се тарҳ ва нақшаро интихоб кард:

-Сизиф: чархаи пучӣ ки романи «Бегона», рисолаи «Афсонаи Сизиф», намоишномаҳои «Калигула» ва «Суитафоҳум» (Недоразумение)-зери маҷмуааш ҳастанд. Камю ба таври ҳамзамон дар Алҷазоир ва пеш аз муҳоҷират рӯи ин осор кор кард. Аммо дар Фаронса ва дар миёнаи ҷанг аз солҳои 1941 то 1944 ба чоп расидаанд ва номи ӯро бар сари забонҳо андохт. -Прометей: чархаи туғён ки романи «Тоун» (Чума), рисолаи «Инсони шуришгар» ва намоишномаҳои «Одилҳо» ва «Ҳукумати низомӣ» дар ин дастаанд, ки аз соли 1947 то 1951 интишор ёфтаанд. -Шӯрбахтона марги Камю маҷоли пардохтан ба тарҳи сеюм «Намсис: чархаи ишқро аз ӯ гирифт». Романи «Суқут» (Падение) ки дар соли 1956 ба чоп расид, танҳоӣ ва гӯшанишинии Камюро дар давраи мухолифат бо сиёсати коммунизм баъд аз чопи «Инсони исёнгар» ба хубӣ бозтоб медиҳад. «Ёддоштҳои» Ӯ шомили навиштаҳои рӯзонаи Камю аз солҳои 1935 то соли 1959 буда, ганҷинаи арзишманди ба ёдгор монда аз зиндагии ӯст. Романи «Одами аввал» ҳам зиндагиномаи худнавиштест, ки марги нобаҳангом фурсати итмомашро ба Камю надод. Ва ба сурати ниматамом дар соли 1995 мунташир шуд. Камюро бо ҳамроҳи Сартр ҷузви пешгомони мактаби экзистенсиализми адабӣ медонанд. Агарчи Камю ҳамвора ин унвонро инкор мекард ва аз ин нисбат изҳори тааҷҷуб менамуд, аммо воқеият ин аст, ки мафҳуми «Ҳаёт» ва «Ҳастӣ» ва «Ранҷу танҳоӣ ва пучии зиндагии инсон» ҳамвора мавзӯъи тафаккуроти фалсафии ӯ буд. Ба гуфтаи худаш «маҳкумияти одамӣ ба марг» аз айёми ҷавонӣ боз ҳамаи фикру зикри ӯро тасхир карда буд. Мунаққидони осораш ӯро нависандаи бадбин (пессимист) ва пучгаро (абсурдист) медонанд. Аммо Камю дар ҳамаи осораш рагаҳои (ишораҳои) бисёр пурранге аз зебоӣ ва умедро бо тавсифоте, ки аз табиат ва ишқ мекунад, ба тасвир мекашад. Ӯ борҳо эътироф намудааст, ки наметавонад ба адабиёте бе умед ва бе орзу монанди навиштаҳои Кафка вобаста бошад. Ва ҳамин ҷиҳат ӯро аз экзистенсиалистҳои дигар ҷудо мекунад, чаро ки онҳо низ ба пучии ҳаёт ва беҳудагии ишқ ва шодӣ муътақид ва иқрор ҳастанд, дар ҳоле ки Камю танҳо роҳи наҷоти башарро фақат дар ишқ медонад. Ба ақидаи ӯ инсон ва ҷаҳон ҳар як ба худии худ пуч ва беҳуда нестанд, балки ин пучӣ ба сабаби ҳамзистии инсон ва ҷаҳон аст. Зеро ӯ муътақид аст, ки чизҳое дар ҷаҳон вуҷуд доранд, ки боиси табоҳӣ ва шикасти инсон ҳастанд. Ӯ ҳаргуна қасдеро дар сохтани як фалсафаи пуч ва беҳуда рад ва инкор мекунад. Ва мекушад пучангориеро васф кунад, ки ба бовари ӯ бемории рӯҳии махсуси рӯзгори мост. Бо ин шарҳ ки Камю дар «Афсонаи Сизиф» дидгоҳи фалсафии худро бо баёни сода ва равшан бозгӯ кардааст. Ӯ мегӯяд ки зиндагӣ бо худии худ кори абас, беҳуда ва пуч аст. Ва ҳеч маъное наметавон барои он ёфт. Ба назари Камю беҳудагӣ бо сайр ва ҷараёни бемаъно ва мукаррари (такроршавандаи) зиндагӣ омехта аст: «Мақсуд аз ин омадану рафтан» ба таъбири Умари Хайём, ҳаргиз равшан нахоҳад шуд. Камю ин гузарони абас ва беҳудагиро ба ёрии сарнавишти дардноки Сизиф дар асотири Юнони қадим тавсиф мекунад: Зевс-худои бузурги Юнон, хашмгин аз нофармониҳои Сизиф, ӯро чунин маҳкум карда буд, ки тахтасангеро то қуллаи кӯҳе боло бубарад, аммо тахтасанг ҳар бор ки наздики қулла мерасид, боз ба поён меғалтид ва Сизиф ночор ва маҷбур буд, ки бори дигар ва бисёр борҳо онро ба заҳмат боло бубарад ва ба қулла бирасонад. Такрори кори беҳуда ва абас, бузургтарин азобе буд, ки худоён шинохта буданд. Романи кӯчаки «Бегона» низ ривояте зинда аз «мавқеият ва ҳолати башарӣ» аст: дар зиндагии беҳуда ва абас ҳар иқдоме, ҳатто қатлу ҷиноят, маъно ва мафҳуми худро аз даст медиҳад. Аз беҳудагии зотӣ ва фитрии ин «сайри ботил» наметавон раҳоӣ ёфт. Аммо ба гумони Камю метавонад онро рад ва инкор кард. Ҳамчунон метавон бар он шӯрид ва исён намуд. Танҳо бо туғён (бунт) аст, ки одам ба худогоҳӣ ва озодӣ мерасад. Маълум аст, ки туғён даво ва дармон нест, аммо инсонитарин аксуламал ва ҷавоб аст. Аксуламал ва посухи инсонӣ аст, ки намехоҳад ғулом ва бандаи тақдир бошад. «Сарнавишт» ва «Туғён» бар он барои расидан ба «озодӣ» се категорияи бунёдин ва асосӣ дар диди фалсафии Камю ҳастанд.

Алберт Камю бо интишори китоби «Инсони шӯришгар» (1951) падида ва феномени ҳокимият ва қудратро дар тамоми ҷиҳатҳои фикрӣ ва амалии он ба нақд ва таҳлил кашид. Аз инҷост ки роҳи ӯ аз ҷараёни аслии равшанфикрӣ ҷудо шуд. Равшанфикрони чап ва коммунистгаро ӯро ба «хиёнат» ба усуле «муқаддас», монанди муборизаи табақотӣ ва инқилоби иҷтимоӣ муттаҳам карданд. «Инсони исёнгар» ҳосили тааммул, андеша ва шояд бознигарӣ дар гуфтумон ва баҳси пучӣ ва абсурд аст, ки наздики даҳ сол пеш дар рисоали «Афсонаи Сизиф» баён шуда буд. Инсони шуришгар ки юғи сангини сарнавиштро бар гардан дорад, бо шуриш ва исён аз фармони «пуч ва беҳуда» сарпечӣ мекунад. Камю усуле монанди «ҳурмат ва каромати инсониро» «арзиши бунёдин» мехонд ва онро ба густура ва паҳнои вуҷуд мунтақил мекунад ва аз он пойдеворе месозад барои ахлоқ. Аз ин дидгоҳ Камюро бояд аз пешравони «атеизми ахлоқгаро» ба шумор овард.

Дар охир назаре ба сароғози зиндагии Алберт Камю кардан аз аҳамият холӣ нест. Муҳаққиқи форсизабон оқои Алӣ Аминӣ дар моҳи ноябри соли 2013 зери сарлавҳаи «100 солагии Алберт Камю: ғамхори инсони шӯришгар» матолибе зикр намуда, ки ҳамроҳи хонандагон чанд иқтибос аз онро мутолиа менамоем.

«Алберт Камю дур аз хоки Фаронса ва дар хонаводаи фақир ва маҳрум ба дунё омад. Ин ки ӯ имрӯз яке аз чеҳраҳои тобноки адабиёти Фаронса шумурда мешавад, ба мӯъҷида шабоҳат дорад. Камю дар таърихи 7 ноябри соли 1913 дар деҳае дар наздикии шаҳри имрӯзаи Иноба дар шимолу шарқии Алҷазоир ба дунё омад. Насаби падараш ба ҷануби Фаронса мерасид. Ӯ бо оғози ҷанги ҷаҳонии аввал (1914) ба ҷабҳа фиристонида шуд. Ва дар ҳамон аввали кор ҷони худро аз даст дод. Ва дар Фаронса ба хок супурда шуд. Камю 14 сола буд, ки аввалин бор бар сари гӯри падар ҳозир шуд…»

Модари Камю аз миллати испониёӣ буд ва аз ҷазираи Минурка ба Алҷазоир кӯч карда буд. Зане камсухан ва бесавод, ки ба гуфтаи Камю «танҳо 450 калима балад буд. Агар ки аслан ҳарф мезад». Пас аз марги ҳамсар, сояи фақр ва тангдастӣ сангинтар шуд. Зани бенаво бо ду фарзанди худ Алберт ва бародари бузургтарашро бардошт ва бо худ ба Алҷазира бурд. Ва назди модарбузурги бемори онҳо дар маҳаллаи фақирнишин ҷой гирифт. Камю табъе пурҷумбу ҷуш дошт ва мекушид ҷои камбудиҳои зиндагиро бо тафреҳ (хурсандӣ) ва варзиш пур кунад. Ҳар рӯз дар офтоби сузон думболи тупи футбол медавид. Обу ҳавои саҳро, гармои тобистон, хоки доғи биёбон, бӯи баданҳои сӯхта ва арақолуд дар ҷисму ҷони ӯ таҳшин шудаанд. Ва баъдҳо ба тамоми корҳои адабии ӯ таъсир гузошт. Гӯшаи хилвати китобхонаи Алҷазира барои Камю бештар истироҳатгоҳе осуда ва ороме ба шумор мерафт…Дар дабиристон омузгоре дилсуз ва фарҳангдӯст дошт ки истеъдоди ӯро шинохт ва чашми ӯро ба дунёи адабиёт боз кард. Ӯ дар соли 1931 дар донишгоҳи Алҷазира шурӯъ ба таҳсили фалсафа кард. Ва бо ҷиддият ба мутолиаи адабиёт ва махсусан ба осори намоиш пардохт. Ҳамзамон дар ҳамкорӣ бо гуруҳҳои театри донишҷӯӣ шурӯъ ба навиштани намоишнома кард. Ва корҳои худро бар рӯи саҳна бурд. Дар донишгоҳ чанд нимсолае дарс нахонад буд, ки ба хотири мубтало ва гирифтор шудан ба бемории сил (туберкулёз) аз идомаи таҳсил боз монд. Умед ба шуғли муаллимӣ барои кумак ба маоши хонавода барбод рафт.

Дар давроне ки бештари равшанфикрон, сотсиализмро танҳо роҳи наҷоти башарият медонистанд, Алберт Камю дар соли 1934 ба ҳизби коммунист пайваст, ки аз раҳнамудҳои «Коминтерн» пайравӣ мекард. Аммо ӯ ба зудӣ моҳияти воқеии режими Сталинро шинохт ва Иттиҳоди Шӯравӣ ки «қалъаи пешрафту тараққӣ» хонда мешуд, пушт кард ва дар ҳавзаҳои ҳизбӣ ба интиқод аз Сталин забон боз кард. «Руфақо» (рафиқон) ӯро ба гироиш ва пайравӣ ба афкор Тротский муттаҳам карданд. Камю ба ҷараёни мухолиф ва рақиби коммунистҳо яъне «ҳизби халқи Алҷазоир» пайваст, ки ташаккуле (созмоне) бо барномаи сотсиалистӣ ва Камю онро ба тӯдаи мардуми заҳматкаш наздиктар медид. Камю дар солҳои 1937 то 1939 дар рӯзномаи сотсиалистии «Алжир Репабликен» (Алҷазоири Ҷумҳурихоҳ) дар бораи зиндагии пурранҷу меҳнати кишоварзони араб гузоришҳое ба чоп расонд, ки сахт муассир ва такондиҳандаанд…"

Акнун ба рӯзҳои охирини зиндагии Камю назар меандозем: ба ривояте 4-уми январи соли 1960 бо вуҷуди он ки Камю билети поезд барои сафар ба ҳамроҳии хонаводаашро дар ҷайб (киса) дошт, аз тасмимаш мунсариф шуд ва барномаашро дигар кард, то ба ҳамроҳи худрави дӯсти ношираш Мишел Голимар ба Париж биравад, ки автомобилашон аз ҷода мунҳариф (аз роҳ берун) шуда ва ба дарахти чиноре мекубад ва тика-тика мешавад. Камю танҳо куштаи ин тасодуф дар сандалии ақиби автомобил нишаста буд. Сарнавишт ин гуна рақам хурда буд, то Камю ки пештар марг дар асари садама ва тасодуфро марги аҳмақона хонда буд, дар 47 солагӣ ин гуна рахт аз дунё бубандад. Камю дар ин муддат машғули кор бар рӯи нусхаи аввали романи тозае бо номи «Одами аввал» зиндагиномаи худнавиште доир ба кудакии ӯ дар Алҷазоир буд. Ба дӯсте навиштааст: «Ҳама нақшаҳоямро барои соли 1960 лағв (бекор) кардаам. Ин сол, соли романам хоҳад буд. Вақти зиёде мебарад. Аммо ба поёнаш хоҳам бурд». Ин роман баъдҳо дар соли 1995 ба сурати нотамом ба чоп расид.

Баъди 41 сол ва баъди ин ҳодиса як рӯзномаи итолиёӣ соли 2011 фарзияеро пешниҳод намуд, ки гӯё садамаи худрави Камю тасодуфӣ набуда, балки ин суиқасдро душманони андеша ва ҳунари ӯ ташкил намуда будаанд. Яъне дастгоҳе дар ластики мошин ҷосозӣ карда буданд, ки дар суръати зиёд мунфаҷир мешуд. Ва гӯё чунин шудааст. Аммо ин фарзия тасдиқ нашуд. Зиндагиноманависи фаронсавии Камю бо номи Оливия Туд гуфта, ки ба ин иддао боваре надорад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]