Jump to content

Абуабдуллоҳи Нотилӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абуабдуллоҳи Нотилӣ
Фазои илмӣ риёзидон, табиатшинос файласуф
Шогирдон Абуалӣ ибни Сино

Абуабдуллоҳи Нотилӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — риёзидон, табиатшинос, файласуфи форс-тоҷик (асрҳои 10 – 11).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Устоди Абуалӣ ибни Сино. Абуабдуллоши Нотилӣ дар Бағдод таҳсил карда, дар фалсафаю адаб машҳур мегардад, пас ба Бухоро меояд. Бо ёрии Абуабдуллоши Нотилӣ Ибни Синои ҷавон асари Порфирий «Муқаддимаи мантиқ», «Усули»-и Уқлидус, муқаддимаи асари Баллимус «Ал-маҷастӣ»-ро меомӯзад.

Асарҳои зеринро ба Абуабдуллоши Нотилӣ нисбат медиҳанд: «Вуҷуд ва шарҳи исмиҳи» («Вуҷуд ва шарҳи номи он»), «Илми иксир» (кимиё). Ин асарҳо то замони мо боқӣ намондаанд.