Абуабдуллоҳи Ҷунайдӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абуабдуллоҳи Ҷунайдӣ
Муҳаммад
Санаи таваллуд:

асри X

Санаи марг:

номалум

Навъи фаъолият:

Шоир

Абуабдуллоҳи Ҷунайдӣ (Муҳаммад) — Шоири форс-тоҷик (асри X).

Зиндагинома[вироиш]

Аз шоирони дарбори Сомониён. Абуабдуллоҳи Ҷунайдӣ шоири қасидасаро буда, ба забони арабӣ низ шеър мегуфт. Абёти парокандааш дар тазкираҳо боқӣ мондаанд.

Ин қитъа аз ӯст:

Шабгир, сабӯҳро зи сар гир,
Бар бонги хурӯсу нолаи зер.
Хуршед, ки барзанад сар аз кӯҳ,
Он беҳ, ки хӯрад зи ҷом ташвир.
Аз ҷом ба ҷома дар шабонгоҳ
В-аз ҷома ба ҷом рӯзу шаб гир.
Шир аст ғизои кӯдаки хурд,
Шир аст ғизои мардуми пир.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ.- Д., 2007.

Сарчашма[вироиш]