Jump to content

Абуалии Қаландар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абуалии Қаландар
Шоҳ Шарафуддин Абуалӣ ибни Солори Фахруддин
Таърихи таваллуд: 1254(1254)
Зодгоҳ: Понипати Ҳиндустон
Таърихи даргузашт: 1324(1324)
Навъи фаъолият: шоир

Абуалии Қаландаршоири Ҳиндустон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар шаҳри Понипати Ҳиндустон таҳсили илм намуда ба камол расидааст. Ба тасаввуф майл намуд ва тариқаи Кутбиддин Бахтиёри Кокӣ ва Низомуддин Авлиёро ихтиёр намуд. Худаш баъдан аз пирони тасаввуф шуд ва оромгоҳаш дар беруни шаҳри Понипат зиёратгоҳ аст. Мувофиқи маълумоти манбаъҳои адабӣ Абуалии Қаландар дар назму насри форсӣ, махсусан дар соҳаи тасаввуф таълифот доштааст.

Ба қалами ӯ асарҳои «Номаи Шайх Шарафуддин», «Маҷмӯаи макотиб», девони ғазалиёт (600 байт; бо тахаллусаш «Шараф»), маҷмӯаи рубоиёт, се маснавӣ – яке дар пайравӣ аз «Маснавии Маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ (1200 байт), ду маснавии дигар низ ба ҳамон вазн (238 байт, 362 байт) тааллуқ доранд.