Jump to content

Абуаҳмад Халаф

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абуаҳмад Халаф
Амири Систон
963 — 988

Абуаҳмад Халаф (таваллуд ва вафот номаълум) — амири Систон, солҳои ҳукмрониаш 963988.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

ӯ пас аз кушта шудани падараш бо кумаки волии Буст – Макҷул ҳукумати Систонро ба даст гирифт. Абуаҳмад Халаф дар ибтидои амораташ аз додани хироҷ ба умарои сомонӣ сар печид. Соли 964 Абуаҳмад Халаф сафари ҳаҷ кард ва фардеро бо номи Тоҳир ибни Абуалӣ Муҳаммад Тамим ба худ ҷонишин таъйин намуд. Амир Тоҳир бар тамоми умури Систон мусаллат шуд ва вақти бозгашт Абуаҳмад Халафро барои ворид шудан ба пойтахт монеъ шуд. Соли 965 дар Систон шӯрише рух дод ва Сомониён дар фурӯ нишондани шӯриш дар ин минтақа ёрии амалӣ намуданд. Абуаҳмад Халаф бо кумаки низомии амир Мансури Сомонӣ ҳукумати Систонро дубора ба дасти худ гирифт. Абуаҳмад Халаф пас аз истиқрор дар Заранҷ – пойтахти Саффориён сипоҳиёни амири Хуросонро боз гардонид. Баъд аз соли 982 Абуаҳмад Халаф амният ва осоиши нисбиро дар Систон ва атрофи он барқарор кард. Вилоёти Зобулистону Ҳирот ва Кирмон Форс, Қойину Бушанҷ низ аз тобеони амир Абуаҳмад Халаф маҳсуб мешуданд. Авзои ошуфтаи дохилии давлатдории Сомониён, ки дар охири садаи X шиддат гирифта буд, дигар ба онҳо имкон надод, ки Систонро дар тобеияти худ нигаҳ доранд. Аморати амир Абуаҳмад Халаф ва ҷонишинони ӯ дар Систон то соли 1003, яъне то фатҳи султон Маҳмуди Ғазнавӣ барҷо буд. Абуаҳмад Халаф амири донишдӯст ва фазилатпарвар, дарбораш боргоҳи илм ва маърифат будааст. Чунончи бо супориши ӯ уламо ва фуқаҳои Систон тафсири Қуръонро дар 100 ҷилд фароҳам овардаанд ва амир Абуаҳмад Халаф 20 000 динори зар бар мусаннифон эҳдо кардааст.