Абубакри Теҳронӣ
Эътиқод | ислом |
---|
Абубакри Теҳронӣ (форсӣ: ابوبکر طهرانی; ? — 1481) — девонсолор, қозӣ, муншӣ ва таърихнигори форс-тоҷики дарбори туркманони Оқоюнлу ва Қарақуюнлу.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар бораи аҳвол ва зиндагонии ӯ иттилооти кофӣ дар даст нест. Абубакри Теҳронӣ аслан аз Исфаҳон аст, вале нисбаи «Теҳронӣ»-и ӯ марбут ба қасабаи Терон — Каруни (Тирун) Исфаҳон аст, на ба шаҳри Теҳрон. Абубакри Теҳронӣ насаб аз ашрофи Исфаҳон дошта, дар ҳамин шаҳр касби илм кардааст. Дар соле, ки султони темурӣ Шоҳрух ба қасди саркӯб кардани шӯриши наберааш султон Муҳаммад Мирзо ба Исфаҳон рафт, бузургони ин шаҳрро ба ҷурм ва иғвои шоҳзода ба асорат гирифт, Абубакри Теҳронӣ низ аз ҷумлаи донишмандони маҳбус дар назди султон Шоҳрух буд. Пас аз марги Шоҳрух Абубакри Теҳронӣ озод шуд ва ба хидмати Муҳаммад Мирзо пайваст. Вай дар юриши Муҳаммад Мирзо ба Домғон (1457) ширкат варзид, Абубакри Теҳронӣ ӯро дар юришаш ба Хуросон (1458) низ ҳамроҳӣ кард ва пас аз тасарруфи Ҳирот дар мадрасаи Ғиёсия машғул ба тадрис шуд. Пас аз қатли Муҳаммад Мирзо (1451), Абубакри Теҳронӣ ба хидмати шоҳзода Муҳаммадӣ (писари Ҷаҳоншоҳ) рафт ва сипас (1452) ба дарбори султон пайваст. Абубакри Теҳронӣ шахси донишманд буд, илми сиёсату девонсолориро накӯ медонист ва дар навиштани номаҳои расмӣ ба ду забон (форсӣ ва арабӣ) устод будааст. Чунончи, намунаҳои фармонҳои султон Узун Ҳасан, нома ба султони Миср, Пир Аҳмад Қароман-оғлӯ ва ғайра, ки Абубакри Теҳронӣ тадвин кардааст, аз маҳорати баланди ӯ шаҳодат медиҳанд. Абубакри Теҳронӣ бо дархости султон Узун Ҳасанбек соли 1471 китоби «Таърихи Диёрбакрия»-ро иншо кард. Ин китоб ба забони форсии махлут ба забони арабӣ таълиф шуда, дорои иттилооти фаровон ва бикр дар робита бо таърихи сиёсӣ-иҷтимоӣ ва низомии силсилаҳои туркмани Оққуюнлу ва Қароқуюнлуи Эрон аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абубакри Теҳронӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.