Абузайд Исфаранҷӣ
Зоҳир
Абузайд Исфаранҷӣ | |
---|---|
Иттилооти инфиродӣ | |
Вироиши Викидода |
Абузайд Муҳаммад ибни Исмоили Исфаранҷӣ (? — қарни XII) — донишманд, фақеҳ, муҳаддис ва шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1155 зимни сафари Самарқанд ба зиёрати Самъонӣ рафта, ҳангоми мулоқот бо ӯ узри ба зиёрат дер омаданашро бо ду зербайти арабии иншокардаи худ баён кардааст:
Мин ҳаққи абдика ан ямшӣ илайка камо
Ямшӣ-л-абиду ило абвоби содоти.
Локиннанӣ хоифун ан ло уъаввиқука ан
Вирди-л-ибодоти ав вирди-л-ифодоти.
Тарҷума:
Аз ҳаққи бандаат ин бувад, ки равад ба сӯят,
Ончунон ки раванд бандагон ба дари хоҷагон.
Лек тарсам аз он, ки мабодо монеъ шавам туро
Аз вирди ибодатҳо ва ё аз вирди ифодатҳо.
Тахаллус ва исми нисбати Исфаранҷӣ баргирифта аз Исфаранҷ — яке аз деҳаҳои Суғди нощияи Самарқанд аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Исфаранҷӣ / С. Шаҳобуддинов // Илм — Исҳоқ. — Д. : СИЭМТ, 2019. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 8). — ISBN 978-99947-33-98-9.