Jump to content

Абузироа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абузироа
Муаммарии Гургонӣ
Навъи фаъолият: шоир

Абузироъа, Муаммарии Гургонӣ (форсӣ: ابوزراعه معمری گرگانی‎; ? — дарг: қарни Х) — шоири форс-тоҷики аҳди Сомониён.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мувофиқи маълумоти Муҳаммад Авфӣ дар «Лубоб-ул-албоб» Абузироа дар охирҳои салтанати Сомониён ба доираҳои адабии Бухоро роҳ ёфта, дар васфи ҳокимони сомонӣ қасидаҳои мадҳӣ навиштааст.

Аз ашъори Абузироа то замони мо ҳамагӣ 11 байт боқӣ мондаанд. Дар ашъори ӯ оҳангҳои рӯҳафтодагӣ ва ноумедӣ ҳис карда мешавад. Зоҳиран, носозиҳои рӯзгор ин шоирро хеле рӯҳафтода карда будаанд:

Чӣ пӯшӣ ҷавшани ғафлат, ки рӯзе

Ту бошӣ тири меҳнатро нишонасри

Амал бо умрат андар неҳ ба меъёр,

Нигоҳ кун, то куҷо гардад замонасри

  • * *

Ҷаҳоншинохта гаштам ба рӯзгори дароз,

Ниёзу ноз бидидам дар ин нишебу фароз.

Надидам аз паси дин ҳеч беҳтар аз ҳастӣ,

Чунонки нест пас аз кофирӣ батар зи ниёз.

  • Муҳаммад Авфӣ, Лубоб-ул-албоб, Т., 1333 ҳ. ш.;
  • Забеҳуллоҳи Сафо, Таърихи Адабиёт дар Эрон, ҷ.1, Т., 1332 ҳ. ш.