Абулаббоси Аббосӣ
Абулаббос | |
Навъи фаъолият: | шоир |
ААбулаббоси Аббосӣ(Абулаббос) — шоири форс-тоҷик (асри 10).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Абулаббоси Аббосӣ аз аҳли Мовароуннаҳр буда, дар ҳамин диёр касби камол намудааст. Аз ӯ ҳамагӣ 66 байт боқӣ мондаанд, ки аз фарҳангҳо, «Луғати фурс»-и Асадии Тусӣ ва дигарон сарчашмаҳо ҷамъоварӣ шудаанд. Абёти боқимондаи Абулаббоси Аббосӣ пораҳо аз қасоид, ғазалҳо, қитъаҳо, рубоиҳо ва маснавиҳоянд. Мавзӯъ ва мундариҷаи ашъори ӯ васфи ёр – маъшуқа, баёни ҳасби ҳол, мадҳ, ҳаҷв ва ғайра мебошанд. Аз ҷиҳати сабк, тарзи нигориш, истифодаи вожаҳо ва ғайра ашъори Абулаббоси Аббосӣ ба нигоштаҳои Рӯдакӣ монанданд. Аз ин ҷост, ки фарҳангнависон дар асарҳои худ (масоли, «Луғати фурс», «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ») дар нисбат додани абёти ин ду шоир иштибоҳ кардаанд.
Осори шоир
[вироиш | вироиши манбаъ]Абёти зерин аз Абулаббоси Аббосӣ мебошанд:
Гар кунун бори маро марг ҳаме хушк кунад,
Бими он аст, ки маро ласк нахоҳад задан
Зи хону мону қаробат ба ғурбат афтодам,
Бимондам он ҷо бе созу баргу ангишто.
Табоеъ гар сутуни ту, сутунро ҳам бипӯсад бун,
Напӯсад он сутун ҳаргиз, к-аш аз тоат занӣ козасри
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Афсаҳзод А., Одамушшуаро Рӯдакӣ, Д., 2003;
- Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, Д., 2007.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абулаббоси Аббосӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.