Jump to content

Абулаббоси Имомӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абулаббоси Имомӣ
Иброҳим ибни Муҳаммад
Навъи фаъолият: шоир

Абулаббоси Имомӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири форс-тоҷик охири садаи X – ибтидои садаи XI.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Оид ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии ӯ маълумот хеле кам аст. Аз ашъори ӯ дар фарҳангҳою китобҳои шеър абёти пароканда боқӣ мондааст. Шамси Қайси Розӣ дар «Ал-Мӯъҷам» дар мавриди ҳарфи равии қофия ин ду байти ӯро мисол овардааст:

Ду чашмак пур зи банди чашмбандон,

Ду ёқут ҳамеша ханд-хандон.

Яке мар тандурустонро ғаму дард,

Якеро сӯи дарди дардмандон.