Абулайси Табарӣ
Зоҳир
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Абулайси Табарӣ (таваллуд ва вафот номаълум) — шоири форс-тоҷик (асри 11).
Дар зодгоҳаш Табаристон (Эрон) улуми мутадовилаи замонро омӯхта, касби камол кардааст. Тазкиранависон Муҳаммад Авфӣ («Лубоб-ул-албоб»), Ризоқулихони Ҳидоят («Маҷмаъ-ул-фусаҳо») аз маҳорату истеъдоди баландаш дар иншои шеър, махсусан ғазал хабар додаанд. Аз намунаҳои боқимондаи осораш дар тазкираҳову баёзҳо бар меояд, ки Абулайси Табарӣ қасоиди фалсафӣ, иҷтимоӣ, шеърҳои шикоятӣ аз ҷабри фалак, номусоидии рӯзгор, нобаробарии иҷтимоӣ ва ғайра доштааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абулайси Табарӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Абдуллоев А., Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи аввали асри XI, Д., 1979.