Абулваҷд
Зоҳир
Тахаллусҳо: | Фориғӣ |
---|---|
Навъи фаъолият: | шоир |
Абулваҷд (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири тоҷик (асри 16).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз зумраи шоирони Мовароуннаҳр аст. Хоҷа Ҳасани Нисорӣ дар тазкирааш «Музаккир-ул-аҳбоб» Абулваҷдро чун марди фозил ва хуштабъ васф кардааст. Дар дарбори шоҳ Бобур (ҳукмронӣ 1485—1530) хидмат намуда, ба обрӯю эътибори баланд ноил гашта буд. Аз осораш намунаҳо ба тавассути тазкираҳо расидаанд.
Абёти зерин аз ӯст:
Гирифт бурқаъ хато моҳи рӯи ҷононро,
Ҳиҷоби куфр бипӯшид нури имонро.
Ҳадиси лаъли лабаш, Фориғӣ, магӯ бо ғайр,
Марез баҳри хасу хор Оби ҳайвонро.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абулваҷд // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.