Jump to content

Абулмаолии Исфаҳонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абулмаолии Исфаҳонӣ
Зодгоҳ: Исфаҳон
Таърихи даргузашт: 1214 ё 1219
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Абулмаолии Исфаҳонӣ (форсӣ: ابوالمعالی اصفهانی‎; ? — 1214 ё 1219) — шоир, донишманд ва сиёсатмадори форс-тоҷик, вазири дарбори Салҷуқиён.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пас аз таҳсили улуми мутадовили давр дар синни камолот ба хидмати дарбори Салҷуқиён ворид гардид ва ба мартабаи вазирӣ расид. Марди закӣ, донишманд ва бофазлу адаб буд. Дар манбаъҳои адабӣ ва таърихӣ (масоли, «Ҳабиб-ус-сияр») чун шоири бомаҳорате тавсиф шудааст. Абёти боқимондаш дар мавзӯъҳои ишқ, тарғиби ахлоқи ҳамида, фалсафӣ ва ғайра суруда шудаанд.