Абулмуайиди Балхӣ
Зодгоҳ: | Балх |
---|---|
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | форсӣ |
Абулмуайи́ди Балхӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоир ва нависандаи форс-тоҷик. (асри 10).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Абулмуайиди Балхӣ дар замони Абулқосим Нӯҳ ибни Мансури Сомонӣ (ҳукмронӣ 976—997) зиндагӣ ва эҷод кардааст. Дар ҷавонӣ ба суҳбати Рӯдакӣ расидааст. Асари машҳури ӯ «Аҷоиб-ул-булдон» аст. Абулмуайиди Балхӣ ду асари дигар таълиф кардааст, ки яке «Шоҳнома»-и мансур буда аз байн рафтааст ва танҳо фасле аз он то замони мо расидааст, ки онро «Гаршоспнома» низ меноманд. Муаллифи «Таърихи Систон» дар китоби худ ҳамон қисматро овардааст, ки қадимтарин намунаи насри бадеии форсист. Асари дуюми ӯ достони «Юсуф ва Зулайхо» аст. Абулмуайиди Балхӣ дар адабиёти форс-тоҷик аввалин шоирест, ки ин қиссаро ба назм даровардааст, вале он то замони мо нарасидааст. Аз мероси адабии Абулмуайиди Балхӣ ғайр аз асари «Аҷоиб-ул-булдон» як миқдор абёти пароканда (20 байт) боқӣ мондааст. Ашъори боқимондаи Абулмуайиди Балхӣ асосан лирикӣ буда, тасвири табиат, панду ахлоқ, мардонагию далерӣ, ишқ ва мадҳро дар бар мегиранд. Абёти зерин аз ӯст:
- Малул мардуми колусу бемаҳал бошад,
- Макун, нигоро, ин хӯву табъро бигзор.
- ***
- Далере, ки тарсад зи пайкори шер,
- Зани зоҷ хонаш, махонаш далер.
- ***
Рӯзи каҷиҳо дарунсоф бош, Ростгирои раҳи инсоф бош.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Заҳрои Хонларӣ, Роҳнамои адабиёти форсӣ, Т., 1340 ҳ. ш.;
- Саид Нафисӣ, Аҳвол ва ашъори Абуабддуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакии Самарқандӣ, ҷ. 1, Т., 1311 ҳ. ш;
- Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, Д., 2007.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абулмуайиди Балхӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.