Jump to content

Абулмузаффар Абдуллоҳ ибни Музаффари Муҳтоҷ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абулмузаффар Абдуллоҳ ибни Музаффари Муҳтоҷ

Абулмузаффар Абдуллоҳ ибни Аҳмад ибни Муҳамад ибни Музаффари Муҳтоҷ (форсӣ: ابوالمظفر عبدالله بن احمد بن محمد بن مظفر بن محتاج‎; ? — 951, Бухоро) — намояндаи Оли Муҳтоҷ, писари Абуалии Чағонӣ.

Вай ҳечгоҳ иморати қобили зикре надошт ва ҳамвора дар рикоби падараш Абуалӣ Аҳмад бо душманон меҷангид. Дар соли 949 ки Абуалӣ бо Нӯҳ сулҳ кард, писари худ Абулмузаффарро ба гаравгон назди амири Сомонӣ фиристод. Нӯҳ аз ӯ ба гармӣ истиқбол карду хилъат дод ва дар зумра надимони худ баргузид[1]. Вай назди Нӯҳ бимонд то дар 951 дар Бухоро аз асб фурӯ уфтод ва даргузашт ва пайкаршро ба Чағониён бурданд ва ба хок сипурданд[2].

  1. Гардезӣ, 346
  2. Ибни Асир, 8/492