Jump to content

Абулмузаффар Барғашӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абулмузаффар Барғашӣ
Даргузашт 1029 – 1030

Абулмузаффар Барғашӣ Муҳаммад ибни Иброҳим (соли таваллуд номаълум, вафот тақрибан 1029 – 1030) — вазири дарбори Оли Сомон дар охири аҳди амир Нӯҳ ибни Мансур ва аввали салтанати амир Мансур ибни Нӯҳ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пас аз қатли Абунаср ибни Абузайд, амир Абулмузаффар Барғаширо вазир таъйин кард. Вай бо лаёқат ва кордониаш то поёни умри Нӯҳ ибни Мансур дар мақоми худ боқӣ монд. Пас аз марги Нӯҳ (997) ва аморати писараш Абулворис Мансур ибни Нӯҳ, Абулмузаффар Барғашӣ ҳамчунон вазир буд. Дар натиҷаи зиддиятҳои дохилидарборӣ пас аз чанде вазорат ба Абулқосими Бармакӣ расид ва ба Абулмузаффар Барғашӣ дар Ҷузҷон мансаб доданд.