Абулфазли Хуҷандӣ
Зоҳир
Абулфазли Хуҷандӣ | |
---|---|
Иттилооти инфиродӣ | |
Вироиши Викидода |
Имом Абулфазл Зиёд ибни Муҳаммад ибни Алии Хуҷандӣ (форсӣ: امام ابوالفضل زیاد ابن محمد ابن علی خجندی; ? — октябри 1023[1]) — ровии ҳадис, донишманди тоҷики даврони Сомониён.
Наҷмуддини Насафӣ бо зикри силсилаи ровиён ҳадисеро аз номи ин донишманд зикр менамояд, ки онро Алӣ ибни Абутолиб аз паёмбар Муҳаммад шунида буд. Аз рӯи ахбори китоби «ал-Қанд», маълум мешавад, ки ин донишманди хуҷандӣ дар Самарқанд зиндагӣ ба сар мебурда ва яке аз устодони ӯ Абушуҷоъ Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Ҳамза ном доштааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ پارسی ویکی. معنی خجندی | لغت نامه دهخدا(форсӣ). پارسی ویکی. 4 октябри 2023 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Имом Абулфазл Зиёд ибни Муҳаммад ибни Алии Хуҷандӣ / А. Насриддинов // Донишномаи Сомониён ҷ. 1. — Х. : Нури маърифат, 2008