Jump to content

Алӣ ибни Абутолиб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Алӣ ибни Абутолиб
араб. علي بن أبي طالب
сурат
Пешгузашта: Усмон ибни Аффон
Ҷонишин: Ҳасан ибни Алӣ
Иттилооти инфиродӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд: Абулҳасан Алӣ ибни Абитолиб ал-Қурайшӣ
Лақаб: Муртазо, Абутуроб, Ҳайдари Каррор, Асадуллоҳ, ва Шери Худо
Касб, шуғл: давлатмард, қозӣ, фақеҳ, муҳаддис, муфассир, қозӣ, шоир, Халифа
Таърихи таваллуд: 17 март 599(0599-03-17)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 29 январ 661 (61 сол)
Маҳалли даргузашт:
Маҳалли дафн:
Кишвар:
Эътиқод: ислом
Падар: Абутолиб ибни Абдулмуталлиб[2]
Модар: Fatimah bint Asad[d][2]
Ҳамсар Фотима[2], Umm ul-Banin[d], Amama bint Zainab[d], Asma bint Umays[d], Khawla al-Hanafiyya[d], Layla bint Mas'ud[d], Al-Sahba bint Rabi'a[d] ва Q61358382?
Фарзандон: Ҳасан ибни Алӣ[3], Ҳусайн ибни Алӣ[4], Аббос ибни Алӣ[d], Ҷаъфар ибни Алӣ[d], Muhammad ibn al-Hanafiyyah[d], Zaynab bint Ali[d][5][2], Umm Kulthum bint Ali ibn Abi Talib[d][2], Ҳилол ибни Алӣ[d], Umar ibn Alí[d], Усмон ибни Алӣ[d], Муҳсин ибни Алӣ[d][2], Abdullah ibn Ali ibn Abi Talib[d], Abu Bakr ibn Ali[d], Abdullah Al-Asghar bin Ali[d], Ubaidillah bin Ali[d], Khadija bint Ali[d], Maymouna bint Ali[d], Fatima bint Ali[d], Umama bint Ali[d], Ramla bint Ali[d], Ruqayya bint Ali[d], Aoun bin Ali[d] ва Muhammad Asghar ibn Ali[d]
Ҷанг:
Осор:
Шабоҳат: Shia view of Ali[d], Sunni view of Ali[d] ва Ali in the Quran[d]

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Алӣ ибни Абутолиб ибни Абдулмутталиби Ҳошимии Қурайшӣ (ар. علي بن أبي طالب‎) — амири муъминон, чаҳорум халифаи рошид, домоди расули акрам (с), падари Ҳасанайн ва яке аз даҳ ёри биҳиштӣ.

Алӣ ибни Абутолиб аз собиқини нахустин дар ислом, яке аз диловарон ва донотарин шахс ба аҳком ва аркони дин буд. Вай дар хонаи паёмбар (с) парвариш ёфт ва ба қавли роҷеҳ дар даҳсолагияш имон овард (Сираи Ибни Ҳишом. – Ҷ. 1. – С. 246) ва баъд аз паёмбари акрам (с) ва Хадиҷа (р) севумин нафаре буд, ки намоз хонд. Ба гуфтаи Ибни Исҳоқ баъзе уламо овардаанд, ки ҳангоме вақти намоз фаро мерасид, паёмбари акрам (с) ба дарраҳои атрофи Макка мерафт ва Алӣ ибни Абутолиб пинҳон аз падар, амакон ва дигар афроди хонаводааш бо ӯ мерафт ва ҳар ду дар он ҷо намоз мехонданд ва чун бегоҳ мешуд, ба хонаи пок, ороста ба имон, саршор аз садоқату вафодорӣ ва сарчашмаи хубиҳо бармегаштанд. (ас-Сирату-н-набавия аз Абушаҳиба. – Ҷ. 1. – С, 284; Уйуну-л-асар аз Ибни Саййидуннос. – Ҷ. 1. – С. 115). Вақте расули Худо (с) дар миёни сҳоба паймони бародарӣ эълон кард, ба Алӣ ибни Абутолиб гуфт: «Ту бародари манӣ»

Алӣ ибни Абутолиб дар тамоми ғазавот, ба ҷуз ғазваи Табук, ҳамроҳи паёмбар (с) ширкат намуд, дар ғазваи Хайбар парчами расули Худо (с) ба дасти вай буд ва чанд қалъаи яҳудиёни Хайбарро фатҳ кард ва ба ин ҷиҳат мулаққаб ба фотеҳи Хайбар шуд. Вай дар аҳди хулафои қабл аз худ яке аз асҳоби ҳаллу ақд ва узви шӯрои шашнафарае буд, ки Умар (р) пеш аз вафоташ амри хилофатро ба онҳо вогузошт. Алӣ ибни Абутолиб соли 35 ҳ./656 м. пас аз кушта шудани халифаи севум Усмон (р) ба хилофат расид ва ба соли 40 ҳ./661 м. дар шаҳри Куфа ба дасти яке аз хавориҷ бо номи Абдурраҳмон ибни Мулҷами Муродӣ дар намози бомдод зарба хӯрд ва пас аз се рӯз ба шаҳодат расид. Муаррихони исломӣ ва сиранигон дар макони дафни вай ихтилофи назар доранд, ки ривоёти саҳеҳтар ба номаълум будани ҷои дафни вай далолат мекунанд, вале он марқад ва зиёратгоҳе, ки дар Наҷаф бо номи марқади Алӣ ибни Абутолиб маъруф аст, ба ақидаи муҳаққиқон дар замони оли Бӯя ба вуҷуд оварда шуда, Алӣ ибни Абутолиб дар он мадфун нест ва ба гуфтаи баъзе муаррихон дар он Муғира ибни Шуъба мадфун аст.

Дар замони хилофати Алӣ ибни Абутолиб миёни баъзе саҳобагон нофаҳмиҳо ва мушоҷароти сиёсие рӯй дод ва ҷаҳони исломро нооромиҳо фаро гирифт. Бузургони саҳоба ба мисли Талҳаву Зубайр ва дар раъсашон Оиша (р) дар талаби хуни Усмон (р) ва дасгир кардани кушандагони вай баромаданд ва ба сӯи Басра ҳаракат карданд. Алӣ ибни Абутолиб барои пешгирии онҳо пойтахти хилофатро аз Мадина ба Куфа дар Ироқ интиқол дод ва соли 36 ҳ миёни вай ва тарафдорони Оиша (р), ки дар Басра лашкар зада буданд, даргирие бо номи ҷанги «Ҷамал» иттифоқ афтод. Пас аз хотимаи ҷанг ва баргаштани Оиша (р) ба Мадина Алӣ ибни Абутолиб соли 37 ҳ. бо лашкари амир Муовия дар минтақаи Сиффин ба ҷанг пардохт ва дар рӯзҳои ахири ҷанг ду тараф ба гуфтушунид пардохтанд, ки он ба воқеаи «таҳким» ва ё «ҳакамият» маъруф гашт. Ин гуфтушунидҳо сабаби норизоятии гурӯҳе аз лашкари Алӣ ибни Абутолиб ба номи «хавориҷ» гардид, онҳо Алӣ ибни Абутолиб-ро ба сабаби он кофир эълон карданд ва аз вай ҷудо гаштанд, ба куштори мусулмонон, фасодкорӣ ва ноамн сохтани сарзамини Ироқ ва бахшҳое аз Эрон пардохтанд ва дар мавзеъе бо номи Наҳравон гирд омаданд ва барои ҷанг бо Алӣ ибни Абутолиб омода шуданд. Алӣ ибни Абутолиб соли 38 ҳ. ба сӯи онҳо лашкар кашид ва ба ҷуз чанд нафаре ҳамаи онҳоро нобуд сохт. Ибни Мулҷами Муродӣ аз он хавориҷи зиндамонда буд, ки бо куштани Алӣ ибни Абутолиб интиқоми ҳавориҷро аз вай гирифт.

Аз байни авомиле, ки боиси мушоҷароти саҳоба ва ноамниҳои ахири давраи хилофати рошида гаштанд, ду омил муҳим ба назар мерасанд. Яке суитафоҳумҳои сиёсие, ки миёни бузургони саҳоба иттифоқ афтод ва мӯҷиби ин даргириҳо гашт, дигаре камии маърифати динии ақвом ва мардуми тоза ба ислом гаравида, ки дар байни онҳо одамони муғриз ва бадбини ислом низ вуҷуд доштан ва ба ин даргириҳо бештар доман мезаданд. Марде аз Алӣ (р) пурсид: Чаро дар замони Абубакру Умар ихтилофе вуҷуд надошт ва дар замони ту ин ҳама ихтилоф рӯй дод?! Алӣ (р) гуфт: Барои он ки онҳо бар одамоне амсоли ман роҳбарӣ мекарданд ва ман бар одамоне ба мисли ту роҳбарӣ мекунам.

Алӣ ибни Абутолиб аз муҷтаҳидони саҳоба ва шахсиятҳои донишманди садри ислом дар улуми динӣ, ба хусус фиқҳ, тафсир, фароиз ва ғ. ба шумор мерафт ва аз вай назароти иҷтиҳодӣ, масоили фатово, ақволи тафсирӣ ва суханоне дар матнҳои фиқҳӣ, ҷавомеъи тафсирӣ ва дигар осори динӣ бар ҷой мондааст, ки барои фуқаҳо ва донишмандони ин риштаҳо дар ҷаҳони ислом ва аз сӯи тамоми мазоҳиби исломӣ мавриди истифода ва калиди масоил қарор гирифтаанд.

Алӣ ибни Абутолиб 586 ҳадис аз паёмбар (с) ривоят кардааст. Суханрони (хутба)-ҳо, ақвол ва рисолаҳои вай дар авоили асри чаҳоруми ҳиҷрӣ дар китобе бо номи «Наҳҷулбалоға» гирдоварӣ шудаанд, ки назди муҳаққиқон дар нисбати аксари онҳо ба Алӣ ибни Абутолиб шак аст. Аммо он чи қиссапардозон бо номи ашъори Алӣ ибни Абутолиб ривоят ва дар китобе бо номи «Девони Алӣ ибни Абутолиб» гирдоварӣ кардаанд, тақрибан ҳамааш бофта ва ҳеҷ сиҳҳате надоранд.

Баъзе ҷуҳало дар замони ҳаёти А. и. А, ба ғулӯ роҳ дода, ӯро худо донистанд. Вай онҳоро аз ин корашон боздошт, вале дар ақидаи худ бештар исрор варзиданд. Пас бисёре аз онҳоро нобуд ва баъзеро ба Соботи Мадоин ва атрофи он бадарға кард. Вай мефармояд: «Дар бораи ман ду кас ё ду гурӯҳи одамон ҳалок гаштаанд: бадбинони сахт ва дӯстдорони сахт», зеро ҳар ду ба ғулӯ ва ифрот рафта, аз шеваи эътидол берун шудаанд.

Алӣ ибни Абутолиб 28 фарзанд: 11 писар ва 17 духтар дошт ва соли 1343 ҳ. дар шаҳри Ҳамадон барои вай ҳайкале сохтанд.

Гузидае аз суханони ӯ: «Бидон, ки фақеҳ (-и комил) касест, ки мардумро аз раҳмати Худо навмед ва аз азоби Ӯ эмин (бепарво) насозад, барояшон дар маъсиятҳои Худо ва гуноҳон рухсат надиҳад ва Қуръонро бо пардохтан ба чизе ғайри он тарк накунад. Дар се чиз хайре вуҷуд надорад: Дар ибодати беилм, дар илми бефаҳм ва дар қироати бетадаббур»; «Дилҳо зарфҳое ҳастанд, ки беҳтарини онҳо нигаҳдорандаи илм аст. Мардум се гурӯҳанд: Олими раббонӣ, омӯзгор (мутааллим)-и роҳи наҷот ва дунболаравони гӯли ҳар овозгаре, ки бо ҳар боде майл мекунанд ва ба нури илм рӯшан нагаштаанд»; «Илм аз мол беҳтар аст, зеро имл туро ҳифз мекунад ва молро ту нигаҳбонӣ мекунӣ, илм бо амал меафзояд ва мол бо инқоф кам мегардад, илм барои соҳибаш дар замони ҳаёт обрӯву итоат ва пас аз марг ёди некро бор меоварад, моландӯзон ҳанӯз дар зиндагияшон мурдаанд ва олимон то бақои даҳр зиндаанд»; «Ба яқин, асҳоби расули Худо (с)-ро дидаам ва имрӯз чизе ба монанди онҳо намебинам. Онҳо бо мӯйҳои жулида, ранги зард ва чашмоне ғуборолуд, шабро бо саҷдаву қиём барои Худо субҳ мекарданд, дар ҳоле ки китоби Худоро тиловат ва гоҳе ба пешонӣ (дар саҷда) ва гоҳе сари қадам (дар қиёму қироат) буданд ва чун ба рӯз мерасиданд ва Худоро ёд мекарданд, ба мисли дарахт дар рӯзи бод меларзиданд ва аз чашмонашон ба қадре ашк мерехт, ки либосҳояшон тар мешуданд». Ибни Аббос мегӯяд: Дар миёни мардум истода будам, Умар (пас аз вафот) бар сарираш ниҳода шуда ва мардум барояш дуо мекарданд, ки ногоҳ марде аз пушт оринҷашро бар китфам гузошт, дар ҳоле ки мегуфт: Худо раҳматат кунад, воқеан ҳам умед доштам, ки Худо туро бо ду ёрат (расули Худо (с) ва Абубакр) якҷо гардонад, зеро бисёр вақтҳо аз расули Худо (с) мешунидам, ки мегуфт: «Будам ман ва Абубакру Умар, кардам ман ва Абубакру Умар, рафтам ман ва Абубакру Умар» ва дар ривояти Муслим: «Омадам ман ва Абубакру Умар, даромадам ман ва Абубакру Умар, хориҷ шудам ман ва Абубакру Умар». Умед доштам, ки Худо туро (дар қабргоҳ низ) ба онҳо ҳамроҳ гардонад. (Ибни Аббос) мегӯяд: Нигоҳ кардам, ки Алӣ ибни Абутолиб аст (Саҳеҳи Бухорӣ, 3677, 3685; Саҳеҳи Муслим, 6137, 6138 (2389)-14). Муҳибби Табарӣ дар «ар-Риёзу-н-назира» аз Анас (р) бе иснод овардааст: Марде назди Алӣ (р) омад ва гуфт: Эй Амири муъминон, ҳамин ҳоло туро шунидам, ки бар минбар мегуфтӣ: Худоё, маро ба ислоҳ биёвар ба он чи хулафои рошидини маҳдийинро ба ислоҳ овардӣ. Он хулафо киянд?! Гуфт: Чашмони Алӣ пур аз ашк шуданд, он гоҳ фармуд: Абубакру Умар (р.р) ду имоми роҳи рост, ду шайхулислом, ду марди Қурайш ва ду муқтадо пас аз расули Худо (с). Касе ба онҳо иқтидо кунад, нигаҳ дошта шавад ва касе аз осори онҳо пайравӣ намояд, ба роҳи рост ҳидоят шудааст ва касе ба онҳо тамассук ҷӯяд, аз ҷамоаи Худо аст ва ҷамоаи Худо ҳатман растагоранд.

  • ابن حجر. الاصابة في تمييز الصحابة. الجزء الثاني – بيروت، 2010؛ عز الدين،
  • علي بن محمد المعروف بابن الاثير. أسد الغابة في معرفة الصحابة. الجزء الثاني. – بيروت، 2012؛ خير الدين الزريكلي. الاعلام. الجزء الرابع. – بيروت، 2005؛
  • Боқизода Абдушариф. Алӣ ибни Абитолиб. ЭМТ. Ҷ. 1
  • Али-заде, А. А. Али ибн Абу Талиб (архив ) // Исламский энциклопедический словарь. — М.: Ансар, 2007. — 400 с. — (Золотой фонд исламской мысли). — 3000 экз. — ISBN 5-98443-025-8.
  • Прозоров С.М. Али б. Аби Талиб // Ислам: энциклопедический словарь / отв. ред. С. М. Прозоров. — М. : Наука, 1991. — С. 18—19. — 315 с. : ил. — 50 000 экз. — ISBN 5-02-016941-2.
  • Али бен-Аби-Талеб // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона: В 86 томах (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.
  • Большаков О. Г. История Халифата. — «Восточная литература» РАН, 1989. — Т. 1.
  • Большаков О. Г. История Халифата. — «Восточная литература» РАН, 1993. — Т. 2.
  • Большаков О. Г. История Халифата. — «Восточная литература» РАН, 1998. — Т. 3.
  • Петрушевский И. П. Ислам в Иране в VII—XV веках (курс лекций). — Изд-во Ленинградского университета, 1966. — С. 40.

Солшумор имомати имомони давоздаҳгонаи шиъа

[вироиш | вироиши манбаъ]

Тузйҳот
  • ин Шаблон бар мабнои андеша шиъа мебошад.
  • давраи имомати Али ибни абии толиб аз даргузашти паёмбари ислом оғоз шудааст.
  • оғози имомат ҳар имоми мусодиф бо даргузашти имом пешин аст.
  • давраи имомати ҳуҷҷат ибни ҳасан аз лаҳзаи даргузашти имоми пешини худ оғоз шуда аст ва чун ба ақидаи шиъӣони давоздаҳ имомии вай зинда аст ва аз назари ҳо пинҳон мебошад , лизои имомати ҳуҷҷати буни ҳасан то замони зуҳӯри вай ва пайрави он то рӯзи қиёмат идома дорад.

██ (۱) Али Мӯртазо 632 то 661 (29 сол) ██ (۲) Ҳасани Муҷтабо 661 то670 (9 сол) ██ (۳) Ҳусайни шаҳид 670 то 680 (10 сол) ██ (۴) Али Саҷҷод 680 то 712 (32 сол) ██ (۵) Муҳаммад Боқир 712то 732 (20 сол) ██ (۶)Ҷаъфари Содиқ 732 то 765 (33 сол) ██ (۷) Мусои Козим 765то 799 (34 сол) ██ (۸) Алии Ризо 799 то 817 (18 сол) ██ (۹) Муҳаммади Тақи 817 то 835 (18 сол) ██ (۱۰) Али Нақи 835 то 868 (33 сол) ██ (۱۱) Ҳасан Аскарӣ 867 то 874 (7 сол) ██ (۱۲) Муҳаммад Ал-Маҳди аз 874то замон ҳол (токунун 1140 сол)

  1. 1.0 1.1 Али бен-Аби-Талеб (рус.) // Энциклопедический словарь / под ред. И. Е. АндреевскийСПб.: Брокгауз — Ефрон, 1890. — Т. I. — С. 438.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 2.4 2.5 Али-заде А. Али ибн Абу Талиб (рус.) // Исламский энциклопедический словарьМ.: Ансар, 2007. — С. 68.
  3. Али-заде А. Хасан ибн Али (рус.) // Исламский энциклопедический словарьМ.: Ансар, 2007.
  4. Али-заде А. Хусайн ибн Али (рус.) // Исламский энциклопедический словарьМ.: Ансар, 2007.
  5. Али-заде А. Зайнаб бинт Али (рус.) // Исламский энциклопедический словарьМ.: Ансар, 2007.