Jump to content

Абулфараҷи Сигзӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абулфараҷи Сигзӣ
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1003(1003)
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Солҳои эҷод: шоир
Забони осор: форс-тоҷик

Абулфараҷи Сигзӣ маъруф ба Симҷурӣ (? — 1003) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Систон, дар боргоҳи Симҷуриён, ки аз ҷониби Сомониён ҳукумат доштанд, зиндагӣ ва эҷод кардааст. Абулфараҷи Сигзӣ дар мадҳи ҳокими Симҷуриён — Абуалии Симҷур (вафот 997) қасидаҳо навишта, Султон Маҳмуди Ғазнавиро ҳаҷв кардааст. Маҳмуди Ғазнавӣ Абулфараҷи Сигзиро ба қатл расониданӣ мешавад, вале ӯ бо мадади шоир Унсурӣ аз хашму ғазаби Маҳмуд раҳоӣ ёфт. Аз ашъори шоир дар тазкираю фарҳангҳо байтҳои пароканда боқӣ мондаанд, ки асосан мазмуни мадҳию ҳаҷвӣ доранд.