Jump to content

Абулфатҳи Бустӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абулфатҳи Бустӣ
Таърихи таваллуд: 942
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1010[1]
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, нависанда

Абулфатҳи Бустӣ, Алӣ ибни Муҳаммад ибни Юсуф ибни Муҳаммад ибни Абдулазиз (971, Буст — 1009/10, Бухоро), шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои адабӣ Абулфатҳи Бустӣ дар зодгоҳаш илмҳои расмии даврашро омӯхта, дар синни камолот чун шоир ва донишманд дар байни аҳли илму адаби замонаш шуҳратманд гардидааст.

Мувофиқи маълумоти тазкиранигор Муҳаммад Авфӣ («Лубоб-ул-албоб») Абулфатҳи Бустӣ дудевони ашъор — яке ба форсии тоҷикӣ ва дигаре ба арабӣ доштааст. Аз ашъори форсии тоҷикиаш то замони мо намунаҳои кам боқӣ мондаанд. Шеърҳои зиёди арабиаш дар сарчашмаҳои ба забони арабӣ таълифшуда маҳфузанд. Қасидаи арабии ӯ «Нуния» хеле машҳур буд. Онро шоири форс-тоҷик Бадри Ҷоҷармӣ (вафот 1287) ба забони тоҷикӣ гардондааст. Шоирони зиёде дар тақлиди «Нуния» қасидаҳо навиштаанд. Манучеҳрии Домғонӣ дар яке аз қасидаҳояш Абулфатҳи Бустиро дар радифи Рӯдакӣ, Шаҳиди Балхӣ, Абушакури Балхӣ ва дигарон ном бурдааст. Абулфатҳи Бустӣ «Офариннома»-и Абушакури Балхӣ ва як шеъри Дақиқиро ба забони арабӣ гардондааст. Абёти зерин намунае аз навиштаҳои Абулфатҳи Бустӣ мебошанд:

Яке насиҳати ман гӯш дору фармон кун,
Ки аз насиҳат суд он кунад, ки фармон кард.
Агарчи қувват дорию иддати бисёр,
Ба гирди сулҳ гирою ба гирди ҷанг магард.
На ҳар кӣ дорад шамшер ҷанг бояд рафт,
На ҳар кӣ дорад позаҳр заҳр бояд х(в)ард.
  1. Record #74241765 // VIAF(бис.)[Dublin, Ohio]: OCLC, 2003.
  • Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, Сталинобод, 1958;
  • Бертельс Е. Э., История персидско-таджикской литературы, М., 1960;
  • Мардони Т. Н., Арабско-таджикское двуязычие в поэзии IX—X веков, Д., 1993.