Jump to content

Абулфатҳ Пиндори Розӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абулфатҳ Пиндори Розӣ
Таърихи даргузашт: 1010/11
Навъи фаъолият: шоир
Солҳои эҷод: 9971029

Абулфатҳ Пиндори Розӣ Камолуддин ибни Абунаср Хотирии Розӣ (? – 1010/11) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Оид ба давраи наврасӣ ва таҳсилоташ дар сарчашмаҳои адабӣ маълумот дарҷ нагардидааст. Абулфатҳ дар дарбори Маҷдуддавлаи Дайламӣ (ҳукмронӣ 997 – 1029) хидмат мекард. Ба забонҳои форсии дарӣ, арабӣ ва лаҳҷаи табаристонӣ (дар баъзе сарчашмаҳо дайламӣ, розӣ гуфтаанд) шеър мегуфт. Аз осораш дар навъҳои адабии ғазал, рубоӣ, қитъа ва ғайра 108 байтро муҳаққиқони адабиёт ҷамъоварӣ намудаанд. Мавзӯъҳои ашъораш тараннуми хушиҳои зиндагӣ, андешаҳои фалсафӣ ва ғайра мебошанд, ки баъдан дар рубоиёти Хайём низ ба таври густурда интишор ёфтанд. Мувофиқи маълумоти Ҳоҷӣ Халифа Абулфатҳ бо номи «Мунтахаб-ул-фурс» луғати тафсирие доштааст. Абёти зерин намунае аз ашъораш мебошанд:

Аз марг ҳазар кардан ду рӯз раво нест,
Рӯзе, ки қазо бошаду рӯзе, ки қазо нест.
Рӯзе, ки қазо бошад, кӯшиш надиҳад суд,
Рӯзе, ки қазо нест, дар ӯ марг раво нест.
***
Мушкин килке сару бунболое,
Во ду чашми шаҳлою чӣ шаҳлое.
  • Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, Сталинобод, 1958;
  • Адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои XII – XIV, қисми 1, Д., 1976.