Абулхайр Махдуми Ҳофиз
Таърихи таваллуд | 1856 |
---|---|
Зодгоҳ | Самарқанд |
Таърихи даргузашт | 1916 |
Маҳалли даргузашт | Самарқанд |
Абулхайр Махдуми Ҳофиз (1856, Самарқанд — 1916, ҳамон ҷо) — мусиқидон, сароянда ва навозандаи тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар оилаи донишманд, шоир ва ҳунарманд ба дунё омада, асосҳои илми мусиқиро аз падар, санъати навозандагӣ ва сарояндагиро аз ҳунарварони зодгоҳаш омӯхтааст. Абулхайр аслан риёзидон буда, овози басо фораму хуб дошт. Махсусан, мақомҳоро моҳирона иҷро мекард. Барои аз худ кардани асосҳои илмию амалии мақомҳо ба Бухоро рафта, аз устодони мақомхон Бобоҷалол Носирзода, Бобоғиёс Абдуғанизода, Қорӣ Каромат, Мирзо Назруллоҳ ва дигар роҳу равиши иҷрои мусиқии классикиро аз худ кардааст. Абулхайр баъди бозгашт аз Бухоро дар зодгоҳаш дастаи калони иҷроии касбии мусиқии халқӣ ва классикиро таъсис медиҳад. Ҳофизи машҳури тоҷик Ҳоҷӣ Абдулазиз то ба Бухоро рафтан дар ин даста асосҳои мақомхониро аз худ намудааст. Абулхайр дар инкишофи шашмақомхонӣ саҳми босазо гузошта, сабки сарояндагии ӯ дар Самарқанд ва атрофи он ҳаводорони зиёде пайдо карда буд. Бахусус қисматҳои созию овозии мақомҳои «Ироқ», Дугоҳ", «Сегоҳ», «Чоргоҳ», инчунин шохаҳои таронавии мақомҳои «Рост», «Бузург» ва сурудҳои халқӣ дар иҷрои ӯ таровати хосе пайдо мекарданд. Абулхайр чун оҳангсоз шуҳрати калон дошта, зимни мақомҳо асарҳо тасниф кардааст. Илова бар ин ӯ ба як силсила ғазалҳои Ҷомӣ, Ҳилолӣ, Бедил, Сайидо таронаҳои дилошӯб эҷод кардааст, ки аз байни онҳо «Нақши Махдумӣ», «Уфари Махдумӣ», «Савти Махдумӣ» ва ғайра дар ҳаёти мусиқии Самарқанд эътибори зиёд доштаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абулхайр Махдуми Ҳофиз // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Баёзи Шашмақом, Д., 2008; Донишномаи Шашмақом, Д., 2009.