Абулғозихон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абулғозихон
ба Исмоили Мунтасир
хони Хева
1645 — 1663

Таваллуд 1603(1603)
Даргузашт

Абулғозихон (16031663, Урганҷ) — хони Хева, таърихнигор, шоир.

Зиндагинома[вироиш]

Дар Урганҷ ба дунё омада, дар ҳамон ҷо умр ба сар бурдааст. Соли 1645 аз тарафи ӯзбекони Арал хон интихоб гашта, баъди муборизаҳои бисёри дохилӣ хони Хева гардид. Барои мустаҳкам намудани ҳокимияти худ бо туркманҳову қалмоқҳо ва хонигарии Бухоро муборизаҳои шадиде бурдааст. Соли 1663 тахтро ба писараш Анӯш супурд. Муаллифи китобҳои таърихии «Хонадони туркман» ва «Шаҷараи хонадони туркҳо» мебошад, ки маълумоти муфиде доир ба халқҳои туркман, ӯзбек, қарақалпоқу қазоқ доранд. Асарҳои таърихии Абулғозихон ба забонҳои русӣ ва аврупоӣ тарҷума шудаанд.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]