Jump to content

Абулғозӣ Баҳодурхон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абулғозихон
ӯзбекӣ: Abulgʻozi Bahodirxon
1645 — 1663

Таваллуд 1603(1603)
Даргузашт 1663(1663)
Урганҷ
Падар Арабмуҳаммадхони I
Фарзандон Anusha Khan[d]
Эътиқод ислом
 Парвандаҳо дар Викианбор

Абулғозихон (16031663, Урганҷ) — хони Хева, таърихнигор, шоир.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Урганҷ ба дунё омада, дар ҳамон ҷо умр ба сар бурдааст. Соли 1645 аз тарафи узбакони Арал хон интихоб гашта, баъди муборизаҳои бисёри дохилӣ хони Хева гардид. Барои мустаҳкам намудани ҳокимияти худ бо туркманҳову қалмоқҳо ва хонигарии Бухоро муборизаҳои шадиде бурдааст. Соли 1663 тахтро ба писараш Анӯш супурд. Муаллифи китобҳои таърихии «Хонадони туркман» ва «Шаҷараи хонадони туркҳо» мебошад, ки маълумоти муфиде доир ба халқҳои туркман, узбак, қарақалпоқу қазоқ доранд.

Асарҳои таърихии Абулғозихон ба забонҳои русӣ ва аврупоӣ тарҷума шудаанд.