Абулқосими Қумӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абулқосими Қумӣ
Санаи таваллуд:

1740(1740)

Зодгоҳ:

Гелон

Санаи марг:

1836(1836)

Маҳалли марг:

Қум

Навъи фаъолият:

шоир

Абулқосими Қумӣ ибни Муҳаммад, маъруф ба Мирзои Қумӣ (1740, Гелон1836, Қум) — шоир ва донишманди эронӣ.

Зиндагинома[вироиш]

Пас аз таҳсили улуми давр дар Ироқ ба Қум баргашт ва дар ин ҷо зиндагиву эҷод мекард. Ба ду забон – форсиву арабӣ оид ба фиқҳ, калом, ҳикмат, маонӣ ва ғ. асарҳои бисёри манзуму мансур эҷод кардааст. Яке аз асарҳои манзумаш – «Саволу ҷавоби Мирзои Қумӣ» дар замони зиндагии муаллиф шӯҳрат ёфта буд. Рисолаҳои Абулқосими Қумӣ «Қавонин», «Ғаноим», «Муршид-ул-авом» то ҳол аҳамияти худро гум накардаанд ва мавриди омӯзиши олимони эронӣ қарор доранд. Аз Абулқосими Қумӣ девони ашъор шомили 5 ҳазор байт боқӣ мондааст.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]