Jump to content

Абулҳайсами Гургонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абулҳайсами Гургонӣ
Номи пурра Абулҳайсами Гургонӣ Хоҷа Аҳмад ибни Ҳасан
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форс-тоҷик

Абулҳайсами Гургонӣ Хоҷа Аҳмад ибни Ҳасан (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири форс-тоҷик (охири садаи X – ибтидои садаи XI).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абулҳайсами Гургонӣ дар овони ҷавонӣ ба омӯхтани илму ҳикмати замони худ таваҷҷуҳи зиёд дошта, шеърро некӯ месурудааст. Носири Хусрав дар асари худ «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн» ӯро ба некӣ ёд кардааст. Аз ашъори ӯ як қасида пайдо гардидааст, ки ақидаҳои фалсафию ирфонии Абулҳайсами Гургониро ифода мекунад. Носири Хусрав ба ин қасида шарҳ навишта, шоир Абусаиди Нишопурӣ шарҳи абёти онро дар китоби алоҳидае ҷой додааст.

  • Заҳрои Хонларӣ, Роҳнамои адабиёти форсӣ, Т., 1340 ҳ. ш.