Абулҳасани Лукарӣ
Зоҳир
Номи пурра | Абулҳасани Лукарӣ Алӣ ибни Муҳаммади Ғазвонӣ |
---|---|
Навъи фаъолият: | шоир |
Абулҳасани Лукарӣ маъруф ба Лукарии Чангзан (Алӣ ибни Муҳаммади Ғазвонӣ соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири форс-тоҷик (нимаи дуюми садаи X).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳаёт ва фаъолияти шоирии ӯ, асосан, дар Лукар (яке аз шаҳрҳои наздики Марв) гузаштааст. ӯ дар чангнавозӣ маҳорати хуб доштааст. Шоҳи сомонӣ Нӯҳ ибни Мансур ва вазири ӯ Убайдуллоҳ ибни Аҳмадро мадҳ кардааст. Муҳаммад Авфии Бухороӣ дар «Лубоб-ул-албоб» навиштааст, ки Абулҳасани Лукарӣ дар фанни шеър маҳорати баланд дошт. Абёти дастрасшудаи ӯ (ҷамъ 19 байт) дар анвои адабии қасида ва ғазал суруда шудаанд. Ба гуфтаи Муҳаммад Авфӣ Абулҳасани Лукарӣ аз ҷумлаи шоиронест, ки ибтидои қасидаи тамомматлаъро гузоштааст. Қасидаи тамомматлаи ӯ ин аст:
- Убайдуллоҳ ибни Аҳмад – вазири шоҳи сомонӣ,
- Ҳаметобад шуои дод аз он пурнур пешонӣ,
- Ба сурат одамӣ омад, ба маънӣ нури субҳонӣ,
- Бухоро хуштар аз Лукар, Худовандо, ҳамедонӣ,
- Валекин курд нашкебид аз дӯғи биёбонӣ.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, Д., 2007. У. Тоиров.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.