Абулҳасани Симҷур
Даргузашт | 989[1] |
---|---|
Дудмон | Simjurids[d] |
Падар | Ibrahim ibn Simjur[d] |
Фарзандон | Абуалӣ Муҳаммад ибни Иброҳими Симҷур |
Абулҳасани Симҷурӣ Муҳаммад ибни Иброҳим ибни Абиумрон (? — 989, Нишопур) — сипаҳсолори Хуросон дар аҳди Сомониён.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Абулҳасани Симҷурӣ маҷмӯан наздик ба сӣ сол дар мақоми сипаҳсолории ҳукумати Хуросон буд. То замони интихоби ӯ ба вазифаи шаҳнагии Нишопур (954) дар девони Бухоро фаъолият дошт. Пас аз қатли Бакр — сипаҳсолори Хуросон, мақоми сипаҳсолорӣ насиби Абулҳасани Симҷурӣ гардид. Аммо сиёсати ӯ чандон бомуваффақият набуд ва дар андак муддат аз вазифа сабукдӯш шуд.
Солҳои фаъолият
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар охирҳои давраи Абдумалик ибни Нӯҳ бо ҳимояти вазир Абуалии Балъамӣ (961) Абулҳасани Симҷурӣ дубора ба мақоми сипаҳсолорӣ расид ва фармон гирифт, ки бо Абумансур Абдураззоқи Тусӣ набард кунад. Пас аз саркӯбӣ ва қатли Абумансур Абулҳасани Симҷурӣ вориди Нишопур шуд ва наздик ба бисту як сол сипаҳсолор ва волии Хуросонро буд. Зоҳиран, дар ин навбат вай тавонист бо тағйири сиёсат оромишро дар Хуросон барқарор ва мавқеияти хешро ҳифз кунад. Абулҳасани Симҷурӣ дар ин муддат тавонист бо талоши хеш ва бо ҳамкории вазирон Абуҷаъфари Утбӣ ва Ибни Амид миёни Оли Буя ва Сомониён сулҳ эҷод намояд (972). Ин сулҳ бар нафъи амири сомонӣ буд. Бар мабнои ин қарордод Оли Буя пазируфт, ки солона маблағи 150 000 динор ба Мансур ибни Нӯҳ бипардозад. Тадриҷан байни амир Нӯҳ ва Абулҳасани Симҷурӣ дар мавзӯи интихоби вазири нав ихтилоф ба миён омад. Амир Нӯҳ бар хилофи назари Абулҳасани Симҷурӣ Абулҳусайни Утбиро ба вазорат гумошт. Миёни Утбӣ ва Абулҳасани Симҷурӣ низ зиддият ба вуҷуд омад. Вазир фармони азли Абулҳасани Симҷуриро содир намуд. Пас аз азли ӯ Абулаббоси Тош ба мақоми сипаҳсолорӣ гумошта шуд. Пас аз чанде дар як моҷаро вазир Абулҳусайни Утбӣ ба қатл расид ва вазорат ба уҳдаи Абулҳусайни Музнӣ вогузор шуд. Вазири нав Бодғис ва Ганҷи Рустоқро ба Абулҳасани Симҷурӣ тақдим намуд, вале аз умури давлатӣ барканор кард. Баъди ба вазирӣ расидани Абдуллоҳи Узайр бори сеюм Абулҳасани Симҷурӣ сипаҳсолори Хуросон таъйин гардид ва то охири умр сипаҳсолори Хуросон буд. Абулҳасани Симҷурӣ сиёсатмадори дурандеш, кордон, ҳушёр ва дар музокироти сиёсӣ тавоно буд. Равобити ӯ бо умаро ва волиёни Сомониён мусолиматҷӯёна сурат мегирифт. Вай аз таҷриба ва дониши дабирон ва уммоли девон ба хубӣ истифода мекард. Гурӯҳи таърихнигорон аз таваҷҷуҳи Абулҳасани Симҷурӣ ба олимон ва донишварон, аҳли адаб ва шеър ва ташкили маҷлисҳои илмию адабии ӯ дар дарбор сухан гуфтаанд. Як идда шоирони аҳди Сомонӣ дар васфи Абулҳасани Симҷурӣ мадҳияҳо сурудаанд. Абулҳасани Симҷурӣ таваҷҷуҳи хосе бар таъсиси биноҳои иҷтимоӣ (корвонсаройҳо, масҷидҳо ва ғайра) доштааст. Абулҳасани Симҷурӣ ба истиқрори қудрати худ ва истимрори нуфузи хонадони хеш дар Хуросон нақши босазое дошт. Баъд аз марги ӯ амири сомонӣ фарзанди Абулҳасани Симҷурӣ — Абуалии Симҷуриро вазир таъйин кард.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Bosworth C. E. New Islamic Dynasties. A chronological and genealogical manual
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абулҳасани Симҷур // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.