Абулҳақи Бухороӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абулҳақи Бухороӣ
Таърихи таваллуд 1551(1551)
Таърихи даргузашт 1642(1642)
Маҳалли даргузашт Ҳинд

Абулҳақи Бухороӣ ибни Сайфуддин (соли таваллуд тақрибан 1551 – вафот 1642, Ҳинд) — муаррих ва географ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Абулҳақи Бухороӣ асосан дар хидмати салотини Темуриёни Ҳинд будааст. Абулҳақи Бухороӣ дар таърих ва география осори қобили таваҷҷӯҳе аз худ гузоштааст. Китоби «Таърихи Ҳаққӣ» аз маъруфтарин таълифоти ӯ дар илми таърих буда, шомили иттилооти фаровоне дар робита бо таърихи сиёсӣ ва иҷтимоии садаи XVII Ҳинд мебошад. Китоби «Ҷазб-ул-қулуб ила диёр-ил-маҳбуб» аз 17 фасл иборат буда таълифи арзишманди Абулҳақи Бухороӣ дар робита бо географияи Мадинаи мукаррама аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]