Абулҳусайн Утбӣ
Таваллуд | асри X |
---|---|
Даргузашт | ноябри 982 |
Абулҳусайни Утбӣ — вазири давлати Сомониён.
Дар китоби «Осор ул-вузаро» — и Сайфиддинҳоҷӣ нисбати вазири донишманди сулолаи Сомониён, чунин маълумоте оварда нашудааст: «Таклиди вазорати ар-Разӣ Нӯҳ бини Мансури Сомонӣ (Нӯҳи II ибни Мансур) намуд. Чун Нӯҳ ба подшоҳӣ нишаст, хост, ки вазорат ба Абулҳусайни Утбӣ диҳад. Бо Абулҳусайн бини Иброҳими Симҷур, ки амирул умаро буд, машварат кард (Абулҳусайн бини Иброҳими Симҷур) ҷавоб дод, ки Ибни Утбӣ ба ҳамаи ҳунарҳои вазорат ороста аст. Аммо ҷавон аст ва ҷавон ба вазорат писандида набошад. Амир Нӯҳ мухолифати ӯ кард ва вазорат ба Абулҳусайни Утбӣ дод. Ба воситаи кифояти ӯ кори малик равнақи тамом ёфт. Дар таворих мазкур аст, ки мисли вазир дар пеши тахти ҳеч шоҳ набудааст. Бадин сабаб миёни ӯ ва Абулҳусайни Симҷурӣ гарди ваҳшат нишаст. Вазир сайъ намуд, то Ҳисом-ул-давла Тош, ки аз тамолики падараш буд, дар хидмати амир Нӯҳ роҳи аморат ёфт. Дарвақте, ки Фахр уд-давла Буя Шамсулмаъони Кобус бини Вашмгир аз муҳориба, ки Аму ид-давла То шва Фоиқ ходим, ки Атобекии Амир Нӯҳ дошт, ба мадад фиристод. Дар аснои ин ин ҳол Фоиқ бо Абулҳусайни Симҷурӣ дар қасди вазир мутаффиқ гашта фавҷи ғуломони даргоҳро бар қатли ӯ доштанд. Бар шореъ ба шамшер ва зӯбин ӯро ҳалок карданд. Баъзе баронанд, ки ба тадбири соҳибибод ӯро мулоҳиза дар роҳ ба қатл овардаанд.»[1]
Ин вазири дарбори Сомонён аз ҷониби душанони амир Нӯҳ бини Мансури Сомонӣ (Нӯҳи II ибни Мансур), Фоиқ ва Абулҳусайни Симҷурӣ ба қатл расонида шудааст.
Пайнавиштҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Аҳрор Мухторов. Амирон ва вазирони Сомонӣ. — Душанбе, 1997, — с. 60.