Абумансури Бухорӣ
Зоҳир
Таърихи даргузашт | 990 |
---|---|
Фазои илмӣ | тиб |
Абумансур ибни Ҳасан ибни Нӯҳи Қамарии Бухорӣ (форсӣ: ابومنصور ابن حسن ابن نوه قمری بخاری; ? – 990) — донишманд ва пизишки форс-тоҷик, муаллифи «Рисола андар илоҷи амрози садр», «Китобу ғино ва муно», «Маҷмӯаи кабир дар адвияи муфрада», луғати тиббии «Ал-Манвир»..
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар аҳди Сомониён зиндагӣ кардааст. Оид ба тиббу табобат таълифоти бисёр дорад: «Рисола андар илоҷи амрози садр» («Тарзу усулҳои муолиҷаи бемориҳои қафаси сина»), «Китобу ғино ва муно», «Маҷмӯаи кабир дар адвияи муфрада», луғати тиббии «Ал-Манвир». Дар таълифоти Абумансури Бухороӣ масъалаҳои муҳими тибби назариявӣ ва амалӣ, анатомия ва физиология, амрози гуногун, тарзу усулҳои пешгирии бемориҳо, беҳдошти об, манзил ва ғайра инъикос ёфтаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Исҳоқӣ, Ю., Тоҷиев Я., Таърихи мухтасари тибби тоҷик, Д., 1993.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абумансури Бухорӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.