Абунасри Толиқонӣ
Jump to navigation
Jump to search
![]() |
Абунасри Толиқонӣ | |
---|---|
Номи пурра | Абунасри Толиқонӣ Аҳмад ибни Иброҳим |
Навъи фаъолият: | шоир |
Солҳои эҷод: | 1017 – 1092 |
Абунасри Толиқонӣ Аҳмад ибни Иброҳим (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири форс-тоҷик (асри 11).
Зиндагинома[вироиш]
Дар тазкираҳо аз ӯ чун шоири дарбори Салҷуқиён ва вазири машҳур – Низомулмулк (1017 – 1092) сухан меравад. Девонаш дастрас нагардидааст, вале қасоиди бисёре аз ӯ дар тазкираҳо омадааст, ки баъзеи онҳо дар мадҳи Низомулмулк мебошанд. Ба ғайр аз ин аз Абунасри Сарроҷ рубоиҳои панду андарзӣ, ишқӣ ва ғ. дастрас гардидаанд. Абёти зерин намунае аз эҷодиёти ӯст:
- Накунад бо адӯ мудоро суд,
- З-ӯ ба ҳар ҳол дур бояд буд.
- Гарчи дорӣ ба ноз каждумро,
- Бигазад, ҳар куҷо биёбад, зуд.
Эзоҳ[вироиш]
Сарчашма[вироиш]
- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2017, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.