Jump to content

Абдулқодири Суҳравардӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Абунаҷиби Суҳравардӣ)
Абдулқодири Суҳравардӣ
форс. ابوالنجیب عبدالقادر سهروردی
Иттилооти инфиродӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд: Абунаҷиб ибни Абдуллоҳ Абдулқодири Суҳравардӣ
Касб, шуғл: ориф
Таърихи таваллуд: 1097[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1168[1][2][3][…]
Маҳалли даргузашт:
Эътиқод: ислом
Фарзандон: Шайх Зайнуддин
Самти фаъолият: тасаввуф
Устодон: Аҳмади Ғазолӣ
Шогирдон: Абулҳафси Суҳравардӣ, Ибни Асокир[d], Рӯзбеҳони Мисрӣ, Абузакариёи Тикритӣ[d] ва Шайх Зайнуддин
Вироиши Викидода

Абунаҷиб ибни Абдуллоҳ Абдулқодири Суҳравардӣ (форсӣ: ابوالنجیب عبدالقادر سهروردی‎; 1097, Суҳравард, Эрон — 1167, Бағдод) — мутафаккири мутасаввиф, ориф, фақеҳ ва донишманди форс-тоҷик, муассиси тариқати суҳравардия.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ҷавонӣ ба Бағдод омада, улуми расмиро омӯхт. Чанд муддат мутаваллии мадрасаи Низомияи Бағдод буд. Муддате гадоию сақоӣ низ кард. Пас аз ба сӯфигӣ ном баровардан ба воизӣ машғул шуд ва дар ин соҳа шуҳрати фавқулода пайдо кард. Минбаъд муридонаш тариқати ӯро бо номи суҳравардия маълуму машҳур сохтанд. Абдулқодири Суҳравардӣ дар охирҳои умраш ба Димишқ омад ва дар Бағдод даргузашт. Абдулқодири Суҳравардӣ асарҳои бисёре таълиф кардааст, вале онҳо то ба мо нарасидаанд. Дар асари асосиаш «Одобу-л-муриддин» усули ақоиди суфиёнро баён карда, тарзи зиндагии обидонаю зоҳидона, мартабаҳои маърифати ботинӣ ва сайру сулуки суфиёнро таҳқиқ намудааст. Пас аз марги Абдулқодири Суҳравардӣ мурид ва бародарзодааш Абулҳафси Суҳравардӣ тариқати ӯро равнақ дод.

  1. 1.0 1.1 Faceted Application of Subject Terminology
  2. 2.0 2.1 NUKAT — 2002.
  3. 3.0 3.1 AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)
  4. Deutsche Nationalbibliothek Record #104063467 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.